Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон рӯзи 2 ноябр президенти Тоҷикистон ба фаъолияти Корхонаи истеҳсоли нуриҳои азотию фосфордори ҶДММ “ТАЛКО Кемикал” ҳусни оғоз бахшид.
Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, иқтидори истеҳсолии корхонаи нав дар як шабонарӯз 200 тонна буда, дар як сол 75 ҳазор тонна нурии минералӣ истеҳсол менамояд.

Ашёи хом - хокаи фосфордор аз хориҷи кишвар ворид карда шуда, кислотаи сулфат бошад, дар худи “ТАЛКО Кемикал” истеҳсол мегардад. Дар оянда ашёи хом аз кони маҳалии Ривати шаҳри Панҷакент ба корхона дастрас мегардад.

Ба таъкиди мутахассисон ҳоло нурии минералӣ аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ ворид шуда, нархи гарон дорад. Маҳз баланд будани арзиши ин навъи маҳсулот дар бозорҳои дохилӣ, то ҷое боиси коҳиш ёфтани талабот ба он гардидааст.

Акнун дар корхонаи нави саноатӣ нурии минералӣ бо сифати баланд истеҳсол ва бо нархи 2 ҳазор сомонӣ барои як тонна, ки назар ба нархи бозор 2,5 маротиба арзон аст, ба мизоҷон пешниҳод мегардад.
Бо истеҳсоли нурии минералии маҳаллӣ воридоти ин навъи маҳсулот ба кишвар бамаротиб кам хоҳад шуд.

Ҷамъияти мазкур нақша дорад, ки дар ояндаи марҳилаи дуюми корхонаи истеҳсоли нуриҳои азотию фосфордорро бо иқтидори 200 ҳазор тонна дар як сол сохта ба истифода диҳад ва дар он беш аз 100 нафар мутахассиси маҳаллӣ ба кори доимӣ таъмин мегардад.

Ёдрас мешавад, ки ҶДММ “ТАЛКО Кемикал” соли 2016 дар масоҳати 17 гектар бунёд гардида, бо ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти кимиёвӣ, аз ҷумла кислотаи сулфат дар Осиёи Марказӣ назир надорад.
Суратҳо аз хадамоти матбуоти президенти ҶТ
Соли талошу бурдҳо: натиҷаҳои фаъолияти “Азия-Плюс” дар соли 2024
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Русия меравад
Санъаткорон беш аз 4,3 миллион сомонӣ андоз пардохт кардаанд
Кор дар Қатар. Хадамоти муҳоҷират бори дигар хоҳишмандонро барои кор ба ин кишвари арабӣ даъват кард
Дар чемпионати ҷаҳон оид ба бокс Мижгона Самадова то даври чаҳорякниҳоӣ расид
Имсол “Наврӯз” дар Тоҷикистон кай фаро мерасад?
Дабири кулли СММ Тоҷикистону Қирғизистонро бо имзои созишномаи таърихӣ табрик кард
Арзиши хидматрасониҳои муассисаҳои хусусии томактабии Тоҷикистон пасттарин дар Осиёи Марказӣ аст
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 марти соли 2025
Гузаргоҳҳои сарҳадӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон: харита ва реҷаи кори онҳо
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста