Дар давраи аз моҳи январ то ноябр дар Тоҷикистон зиёда аз 700 ҳазор тонна, аз ҷумла дар вилояти Суғд ҳудуди 500 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ шуд, хабар медиҳад Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ.
Соли 2022 дар майдони 32,1 ҳазор гектар картошка шинонида шуд. Тибқи маълумоти оморӣ, то 4 ноябр зиёда аз 702 ҳазор тонна ҳосили картошка ҷамъоварӣ шудааст. Соли гузашта ҳосили картошка дар ҷумҳурӣ 1 млн 60 ҳазор тоннаро ташкил дода, имсол дар сатҳи 1 млн 108 ҳазор тонна дар назар аст.
Дар соли 2023 кишоварзони тоҷик парвариши 1 млн 170 ҳазор тонна картошкаро ба нақша гирифтаанд.
Бино ба маълумоти Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, майдони кишти картошка дар ҷумҳурӣ ба 32 ҳазору 158 гектар баробар аст, аз ҷумла дар виояти Суғд зиёда аз 13,3 ҳазор га, ВМКБ - ҳудуди 1,3 ҳазор га, вилояти Хатлон - беш аз 5,8 ҳазор га ва Ноҳияҳои тобеи марказ - 9,7 ҳазор га.
Ҳосилнокии картошка дар ҷумҳурӣ 233 сентнер аз 1 гектарро ташкил медиҳад, аз ҷмула дар ВМКБ - 136, вилояти Суғд - 275, вилояти Хатлон - 178 ва Ноҳияҳои тобеи марказ - 222 сентнер.
Бино ба маълумоти оморӣ, барои як сокини Тоҷикистон дар як сол бояд 92 кило картошка ҷамъоварӣ шавал, лекин дар воқеият ҳаҷми истеъмоли картошка дар ҷумҳурӣ барои як кас дар як сол - ҳудуди 120 кило арзёбӣ мешавад.
Ба ин тариқ, талаботи умумии Тоҷикистон ба ин навъи маҳсулот то 1,3 млн тонна боло меравад.
Нархи 1 кило картошка дар Душанбе ба ҳисоби миёна 5-6 сомонӣ, Хуҷанд - 4, Рашт - 3,5, Бохтар - 5 ва Хоруғ - 6 сомониро ташкил медиҳад.