Соли 2023 нишондиҳанда барои ҳисоб дар Тоҷикистон 6,25% - аз 64 сомонии ҳозира то 68 сомонӣ зиёд мешавад. Дар ин бора дар қонуни қабулшуда “Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2023” сухан меравад.

Нишондиҳандаи мазкур дар буҷети давлатӣ бо назардошти сатҳи таварруми пешбинишуда дар соли дахлдор муқаррар карда мешавад.

Ин нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷиҳати ҳисобкунии андоз, боҷ, дигар пардохтҳои ҳатмӣ, муҷозоти ҷаримавӣ, пардохтҳои иҷтимоӣ, инчунин барои ҳисобкунии ин ё он бузургиҳои арзишии ҳадди ниҳоӣ (поёнӣ ё болоӣ) истифода бурда мешавад.

Ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо то соли 2019 дар ду сол як маротиба боло рафта, баъдан (солҳои 2019-2023) ҳамасола зиёд мешавад.

Ба ин тариқ солҳои 2015-2016 ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо - 40 сомонӣ, 2017-2018 - 50 сомонӣ, 2019 - 55 сомонӣ, 2020 - 58 сомонӣ, 2021 - 60 сомонӣ ва соли 2022 - 64 сомониро ташкил медод.

Аз соли 2008 нишондиҳанда барои ҳисоб ибораҳое чун “ҳаҷми минималии музди меҳнат”, “музди меҳнати минималӣ (ҳадди ақал)”, “ ҳаҷми моҳонаи минималии музди меҳнат”, “музди меҳнати минималии моҳона”-ро барои пардохти андозу боҷ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва ҷаримаҳо иваз намуд.

Ҳамон вақт дар ин бора қонуни дахлдор - “Дар бораи нишондиҳандаҳо барои ҳисоб” қабул шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.