Ширкати “Тоҷик Эйр” охири моҳи декабри соли гузашта аз ширкати ҳавопаймоии “Southwind”-и Туркия ду ҳавопаймои "Airbus"-ро ба иҷора гирифт, ҳоло интизори барқарор кардани парвозҳо мебошад.
Парвиз Шодмонзода, роҳбари “Тоҷик Эйр” дар нишасти матбуотӣ, рӯзи 1-уми феврал гуфт, барои эҳёи парвозҳо ва тасдиқи истифодаи ҳавопаймоҳои ба иҷорагирифта ба Қоҳир Расулзода, сарвазири кишвар ва Шурои нозирони ширкати “Тоҷик Эйр” пешниҳодҳо ирсол шудааст.
Ширкати мазкур ба далели мушкилоти техникию молиявӣ аз сентябри соли 2020 ба ин сӯ парвозҳои мунтазамро қатъ кардааст. Тибқи иттилои дастрасгардида, то чанде пеш дар басти корӣ (штат)-и ширкат ҳамагӣ якчанд роҳбарон қарор доштанд ва кормандони боқимондаро аз соли 2018 ба рухсатии бемузд фиристода буданд.
Аммо роҳбари навтаъини ширкат мегӯяд, ки ҳоло дар марҳилаи барқарор кардани парвозҳо қарор доранд ва агар пешниҳодҳои онҳо ба сарвазир ва Шӯрои нозирон пазируфта шавад, онҳо парвозҳоро аз сар мегиранд.
- Мо мунтазири Шӯрои нозирон ҳастем. Агар онҳо тасдиқ кунанд, ҳавопаймои аз Туркия ба иҷора гирифташуда ба Душанбе оварда шуда, парвозҳо аз сар гирифта мешаванд. Умед ҳаст, ки шӯро тасдиқ мекунад,- гуфт Парвиз Шодмонзода.
Ба гуфтаи роҳбари ширкати “Тоҷик Эйр” айни ҳол қарзҳои дебитории ширкат 60,10 млн сомонӣ буда, қарзи кредитории он 449,3 млн сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба соли 2021 24,8 млн сомонӣ кам мебошад.
“Вақте парвозҳо оғоз шуд, масъалаи қарзи ширакат низ баррасӣ мешавад”, - иброз дошт Парвиз Шодмонзода.
Ёдовар мешавем, ки қаблан парлумони кишвар ин ширкатҳои ҳавопаймоӣ, аз ҷумла “Тоҷик Эйр”-ро ба муддати 5 сол аз пардохти андози даромад ва андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) озод карда буд.
Он замон ҳадафи иқдоми мазкурро вазири молияи кишвар Файзиддин Қаҳҳорзода “тақвият бахшидани фаъолияти ширкатҳои миллии ҳавопаймоӣ ва рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва зиёд кардани хатсайрҳои ҳавоӣ” маънидод намуд.
Ин ягона имтиёз барои “Тоҷик Эйр” ҷиҳати раҳоӣ аз варшикастагӣ набуда, пештар, соли 2015 ҳукумати Тоҷикистон қарзҳои “Тоҷик Эйр”-ро ба маблағи зиёда аз 2,6 млн доллар аз эътибор соқит кард.
Он замон, тибқи маълумоти баъзе манбаъҳо, қарзи “Тоҷик Эйр” ба бонкҳои гуногун, фурудгоҳ ва ширкатҳои хидматрасон то 40 млн долларро ташкил медод.
Тобистони соли 2018 бошад, бо мақсади беҳбуди вазъи молиявии ширкат ҳукумати Тоҷикистон Шӯрои махсуси нозирон таъсис дод.
Аз ҷониби ин Шӯро барномаи махсуси дастгирии ширкати ҳавопаймоӣ таҳия шуд, ки дар он, аз ҷумла мақомоти давлатии дахлдор уҳдадор карда шуданд, ки ба воситаи хусусигардонии бастаи саҳмияҳои ширкат сармоягузориҳои ватанӣ ва хориҷиро ҷалб намоянд.
Ивази роҳбари ширкатро метавон охирин кӯшиши ҳукумат ҷиҳати раҳоии он аз вартаи нобудӣ номид. 29-уми сентябр бо қарори ҳукумати Тоҷикистон роҳбарии ширкатро Парвиз Шодмонзода, ки то таъин шудан ба ин мансаб ба ҳайси муовини директори Фурудгоҳи байнулмилалии “Бохтар” кор мекард, ба уҳда гирифт.
Ба гуфтаи манбаъҳои наздик ба роҳбари нав, Парвиз Шодмонзода қаблан дар ширкати “Тоҷик Эйр” кор карда, “вазъиятро аз дохил хеле хуб медонад” ва илова бар ин, “яке аз мутахассисони беҳтарини Тоҷикистон дар соҳаи авиатсия мебошад”.
Роҳбарони қаблии ширкат аз ҷониби раисиҷумҳури кишвар мавриди интиқоди шадид қарор гирифта буданд.
Рӯзи омӯзгорон. Сокинон дар бораи муаллими худ чӣ мегӯянд?
Адабиёт, мактаб ва расонаву филмҳо. Чӣ гуна забони меъёри тоҷикиро оммавӣ кунем?
"Шуълаи орзу". Филми мустанад дар бораи ҷавоне, ки мушкилиҳои зиндагӣ ӯро қаҳрамон кард
Истаравшан шаҳри умумиҷаҳонии ҳунармандӣ шуд. Ин шаҳр бо чӣ машҳур аст?
Ду медали Тоҷикистон дар мусобиқоти ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон
“Мехост хонаи давлатиро хусусӣ кунад” Ҷузъиёти боздошти роҳбари дастгоҳи шаҳри Истиқлол
Парлумони Тоҷикистон тартиби соддакунии ҳамлу нақли борро бо Ӯзбекистон тасдиқ кард
“Пул надоштам”. Милитсияи пойтахт навори ҷузъиёти ҳамла ба ронандаи “Як такси”-ро нашр кард
Нашри китоб дар бораи таърихи ҷанги шаҳрвандӣ ва корномаи Эмомалӣ Раҳмон бо забони арабӣ дар Миср
"Ба ихроҷ омода шавед". Дар Русия амалиёти “Нелегал-2024” мегузарад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста