Дар маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 28 феврал қарор шуд, ки номи Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ба Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” иваз карда шавад.
Ҳамзамон қарор дода шуд, ки Шӯрои нозирони КВД “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” таъсис ва ҳайати шӯрои нозирони он тасдиқ гардад.
Гуфта мешавад, лоиҳаи қарори ҳукумат бо ҷорӣ намудани асосҳои идоракунии корпоративӣ дар фаъолияти корхонаҳои давлатӣ ва ташкили шӯроҳои нозирон дар онҳо барои таъмини назорат ва шаффофияти фаъолияти молиявию хоҷагидории корхонаҳои воҳиди давлатӣ ва ғайра таҳия гардидааст.
Қобили зикр аст, ки дар шакли фаъолияти корхонаи воҳид муассисаи тиҷоратӣ ҳуқуқи амволи дар ихтиёрдоштаашро аз даст медиҳад.
Бино ба маълумоти Бонки миллӣ, молики “Амонатбонк” айни замон ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад.
Маъмулан дар муқоиса бо ҷамъиятҳои саҳҳомӣ шакли идоракунии корхонаҳои воҳид бар асари дар онҳо мавҷуд набудани идоракунии корпоративӣ нисбатан камтар шаффоф арзёбӣ мешавад.
Аммо дар мавриди “Амонатбонк”, тавре ки дар боло зикр шуд, ҷорисозии асосҳои чунин идоракунӣ ба нақша гирифта шудааст.
Охири соли 2021 созмонҳои байнулмилалии молиявӣ ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки дар заминаи “Амонатбонк” ҷамъияти саҳҳомӣ таъсис дода шуда, бастаи назоратии саҳмияҳо ба шахсони хусусӣ дода шавад. Роҳбари “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ аввали соли гузашта дар ин робита изҳор намуда буд, ки ин масъалаҳоро ҳукумати ҷумҳурӣ ҳаллу фасл мекунад.
“Амонатбонк” пас аз муфлисшавии замоне бонкҳои бузурги Тоҷикистон (“Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк”) дар бозори миёнаравии молиявии кишвар мавқеи пешсафро ишғол мекунад.
Дар рӯйхати ташкилотҳои қарзии низомсози Тоҷикистон дар соли ҷорӣ “Амонатбонк” дар зинаи аввал қарор дорад. “Амонатбонк” дар соли 2022 ҳудуди 102 млн сомонӣ (наздики 9 млн доллар) фоидаи соф ба даст овардааст, ки ин нишондод 53,5% зиёдтар нисбат ба соли 2021 аст.
Афзалият ва норасоиҳои корхонаҳои воҳид
Корхонаи воҳид (КВ) ташкилоти тиҷоратӣ мебошад. Он амвол дорад, вале молики он буда наметавонад. Молик ва муассис давлат мебошад, ки амволро ба корхонаи воҳид барои идоракунии фаврӣ ё роҳандозии фаъолияти хоҷагидорӣ медиҳад.
Калимаи “воҳид” аз забони лотинӣ ūnitās, яъне “ягона, ҷудонашаванда” гирифта шуда, ҷудо кардани амволи он аз рӯи ҳисса, ҳақ ё саҳм манъ аст ва амволи онро як молик дар ихтиёр дорад.
Метавон ҷиҳатҳои зерини мусбати онро зикр кард:
- масоили муҳими аз лиҳози иҷтимоӣ муҳимро ҳал мекунанд;
- фаъолияти худро бо дастгирии мақомоти давлатӣ ё маъмурӣ мебаранд;
- метавонанд аз ҷониби давлат дастгирӣ ёбанд - кумаки молиявии беподош (дотатсия), кумаки молиявӣ (субсидия) ва ғайра гиранд;
- хавфи ҳадди ақали муфлисшавӣ доранд, зеро молик ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ хоҳад дод, ки ин тавр нашавад;
- ҳуқуқ доранд аз ҳисоби амволе, ки ба ихтиёрашон дода шудааст, фоида ба даст оранд;
- ҳангоми гузаронидани расмиёти харид дар мавқеи мусоидтар қарор мегиранд, зеро қарордодҳо барои таъмини эҳтиёҷоти давлат чаҳорчӯбҳои қатъӣ доранд ва довталабони номуносибро ба онҳо роҳ намедиҳанд;
- ҳангоми пешниҳоди хидмат ба аҳолӣ аксар вақт ҳамчун бозингари ягона амал мекунанд.
Паҳлӯҳои манфӣ чунин буда метавонанд:
- назорати қатъии фаъолият аз ҷониби мақомоти болоӣ;
- ҷараёни бисёрмарҳила ва тӯлонии мувофиқа ҳангоми имзои шартномаҳои калон;
- зарурати мувофиқаи ҳама гуна масъалаҳои бозсозии сохтор бо молики авмол;
- зарурати ба буҷети давлатӣ равона кардани қисми назарраси фоида.
Муҳим дониш не, зоҳир аст? Чӣ гуна ҳуқуқи хонандагон дар мактабҳои Тоҷикистон поймол мешавад?
“Дар Русия бо муҳоҷирон тоҷик муносибати дағал мекунанд”. Номаи эътирози Омбудсмени тоҷик ба ҳамтои русаш
Вазорати нақлиёти Русия пешниҳод мекунад, ки дар Тоҷикистон марказҳои захираи бор сохта шавад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Кайфари паймоншиканӣ”
Азобу машаққати пахтакорӣ. Деҳқонон умеде надоранд, ки фоидаи зиёд мегиранд
Кадом дастаҳо ба финали Ҷоми футболи Тоҷикистон баромаданд?
Эмомалӣ Раҳмон ва Валентина Матвиенко дар чӣ бора суҳбат карданд?
“Аз номам сӯиистифода мекунанд”. Саидмурод Давлатов дар бораи қаллобон ва дуруст сарватманд шудан суҳбат кард
“Дар гулӯяш теғ гузошта, пул гирифт”. ВКД аз боздошти гурӯҳе хабар дод, ки дар Русия муҳоҷирони тоҷикро ғорат мекардаанд
Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон сафар кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста