Сироҷиддин Икромӣ, раиси раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” имрӯз, 6-уми феврал, зимни нишасти матбуотӣ ба саволи журналистон дар хусуси норасоии маблағ дар банкоматҳои бонк гуфт, “дар 3-4 рӯзи охир ва 3-4 рӯзи аввали моҳ ба ин мушкил дучор мешаванд”.
Ӯ сабабашро ба ин рабт дод, ки мардум дар охири моҳ маошу нафақа мегиранд ва ҳамчунон, муҳоҷирон аксаран дар охири моҳ маблағ мефиристанд ва аз ин лиҳоз, дар банкоматҳо пули нақд тамом мешавад.
Ӯ ҳамчунин, сабаби ҷорӣ кардани меъёри муайян дар банкоматҳо ҳангоми гирифтани пули нақдро фароҳам овардани имконият барои нафақагирон барои гирифтани пули нақд номид.
Сироҷиддин Икромӣ гуфт, соли 2022 “танҳо тариқи банкоматҳо 6,3 млрд сомонӣ хароҷот шудааст”. Айни ҳол “Амонатбонк” 327 банкомат дошта, ният дорад боз 30 банкомати дигар харидорӣ кунад.
Бояд гуфт, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз набудани пули нақд дар банкоматҳо пайваста шикоят мешавад ва бонкҳои кишвар низ ҳамеша баҳона пеш меоранд, ки сокинон пас аз ба корташон гузаштани маош ё нафақа кӯшиш мекунанд онро зуд нақдӣ кунанд. Аз ин лиҳоз, назди банкоматҳо навбат ва норасоии пулӣ нақд ба миён меояд.
Ҳамчунин, зимни нишасти матбуотӣ зикр гардид, ки БДА “Амонатбонк” дар соли 2022 ҳудуди 102 миллион сомонӣ (наздики 9 миллион доллар) фоидаи соф ба даст овардааст, ки ин нишондод, нисбат ба соли 2021 53,5 фоиз бештар аст.
Ҳамчунин, соли гузашта “Амонатбонк” чун андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷаи кишвар ҳудуди 85 миллион сомонӣ ворид намудааст.
Бақияи сандуқи амонатии бонк дар соли гузашта қариб 52 фоиз афзуда, дар аввали соли ҷорӣ ҳудуди 5 миллиард сомониро ташкил додааст. Аз ҷумла, аз аҳолӣ ба маблағи 2 миллиард сомонӣ пасандозҳо ҷалб карда шуданд.
“Амонатбонк” соли гузашта ба 46 ҳазор муштарӣ ба маблағи ҳудуди 1,5 миллиард сомонӣ қарз додааст. Ин нишондод, нисбат ба соли 2021 2,4 фоиз зиёд аст.
Аз маҷмӯи қарзҳои дар соли гузашта додашуда, қариб сеяки он ба соҳаи саноат ва хоҷагии қишлоқ, 31,9 фоиз ба савдо, 23,2 фоиз ба қарзҳои истеъмолӣ, 3,8 фоиз ба сохтмон ва ғайра рост меояд.
Сандуқи қарзии “Амонатбонк” дар аввали соли ҷорӣ 1,7 миллиард сомониро ташкил додааст.
Соли 2022 бонк ба 51 нафар ба маблағи 10,7 миллион сомонӣ қарзи ипотекӣ додааст.
Меъёри қарзҳои Амонатбонк феълан бо пули миллӣ аз 18 то 24 фоиз ва бо асъори хориҷӣ аз 4,5 то 10 фоизро ташкил медиҳад.
БДА "Амонатбонк" яке бузургтарин бонкҳои Тоҷикистон аст, ки беш аз панҷ сол аст, пайваста дар садри феҳристи бонкҳои низомсози кишвар қарор мегирад. То соли 2016 бузургтарин бонкҳои кишвар "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк" буданд. Ҳоло раванди барҳамдиҳии ин бонкҳои як замон асосии кишвар идома дорад.
“Фишоратон баланд нашавад” ва ё “мо ниёз ба кадрҳо дорем”. Ҳарфҳои берун аз матни паёми Эмомалӣ Раҳмон
Чаро духтари афғонистонӣ, ки аз шавҳараш шикоят мекард, аз Тоҷикистон ихроҷ шуд?
100% бештар аз соли гузашта. Барои баргузории 3 озмун аз фонди президент беш аз 23,5 млн сомонӣ маблағ ҷудо шуд
Рентаи содиротӣ барои сангҳои қиматбаҳо, ашёи хом ва пахта ду баробар гарон шуд
Ихроҷи муҳоҷирон аз Русия тибқи тартиби нав кай оғоз мегардад?
Расонаҳои амрикоӣ шахсияти нафареро, ки дар Ню-Орлеан бо мошин одамонро пахш кард, эълон намуданд
Имсол Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Соли нави 2025 паёми табрикӣ надод
Мақомоти Тоҷикистон маълумот доир ба як кон дар Помирро "ғайримахфӣ" карданд
Тоҷикистон мавқеи худро дар радабандии мунтахабҳои ҷудои ҷаҳон беҳтар кард
Рустами Эмомалӣ дастур дод, ки лифти биноҳои кӯҳнаи Душанберо нав кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста