Ҳукумати Тоҷикистон маблағгузориро дар ҳаҷми ҳудуди 113 млн сомонӣ (зиёда аз 10,3 млн доллар) ба Барномаи дастгирии давлатӣ ва рушди бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 пешбинӣ кардааст.
Бо ин мақсад маблағгузорӣ, аз ҷумла пешбинӣ шудааст:
зиёда аз 19,1 млн сомонӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ,
86,8 млн сомонӣ – аз ҳисоби маблағҳои шарикон оид ба рушд,
7 млн сомонӣ – аз ҳисоби маблағҳои бахши хусусӣ.
Аз маблағи умумӣ барои амалисозии нақшаи амали Барномаи дар се соли аввал ҳудуди 68 млн сомонӣ равона мегардад.
Барномаи дастгирии давлатӣ ва рушди бахши хусусӣ дар ҶТ барои солҳои 2023-2027 бо қарори ҳукумат аз 1 марти соли равон қабул шуд.
Маблағҳо ба куҷо сарф мешаванд?
Ҳадафи таҳияи Барномаи мазкур “таъмини шароити мусоид барои рушди бахши хусусӣ, рақобатпазир намудани онҳо ва фаъолнокии сармоягузорӣ дар Тоҷикистон” унвон мешавад.
Дар Барнома иҷрои вазифаҳои гуногун барои рушди бахши хусусӣ ба нақша гирифта шудааст, аз ҷумла:
- амалисозии ислоҳоти институтсионалӣ барои беҳсозии фазои соҳибкорӣ;
- мунтазам коҳишдиҳии сарбории андоз барои бахши хусусӣ;
- ҷорӣ намудани таҷрибаи байналмилалӣ оид ба пурзӯр кардани идоракунии дастаҷамъӣ (корпоративӣ);
- ташкил ва рушди механизмҳои самараноки ҷалби маблағҳо;
- таъсиси инфрасохтори муосири дастгирии бахши хусусӣ;
- такмили қонунгузорӣ бо мақсади суръатбахшии рушди соҳибкорӣ;
- баланд бардоштани қобилият ва малакаи касбии соҳибкорон;
- таъмини рақобати солим дар иқтисодиёти миллӣ;
- коҳиш додани шумораи ҳуҷҷатҳои дорои хусусияти иҷозатдиҳӣ барои пешбурди фаъолияти бахши хусусӣ;
- пурзӯрнамоии мубориза ба коррупсия ва омилҳои бавуҷудоварандаи он;
- содагардонии расмиётҳо оид ба пешниҳоди имтиёзу афзалиятҳо барои субъектҳои соҳибкорӣ;
- такмили механизмҳои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии соҳибкорон;
- пешниҳоди қарзҳои имтиёзноки давлатӣ ва ё ҷуброни фарқияти меъёрҳои фоизи бозории қарзҳои имтиёзноки ташкилотҳои қарзии молиявӣ;
- мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ мукаммал намудани механизмҳои ба ҷараёни муфлисшавӣ алоқаманд;
- тақвияти назорати гумрукӣ ҳангоми воридот ва содироти молу маҳсулот;
- баланд бардоштан ва устуворсозии эътимоди аҳолӣ ба фондҳои суғурта, нафақа ва сармоягузорӣ;
- баланд бардоштани донишҳои иқтисодию молиявӣ ва ҳуқуқии соҳибкорони ватанӣ.
“Сарбории каме баланди андоз” ва дигар мушкилот
Дар Барнома зикр мешавад, ки дар баробари натиҷаҳои бадастовардашуда дар рушди бахши хусусӣ ва фазои мусоиди сармоягузорӣ ҳоло ҳам масъалаҳои ҳалношуда вуҷуд доранд. Аз ҷумла:
- мавҷуд будани мураккабии маъмурикунонии андоз ва сарбории начандон баланди андозӣ назар ба давлатҳои минтақа барои фаъолияти соҳибкорӣ;
- таъсирбахшии нокифояи механизмҳои дастгирии давлатӣ ва танзими соҳибкорӣ;
- монеаҳои маъмурӣ дар роҳи пешрафти соҳибкорӣ;
- мавҷуд будани назорату санҷишҳои барзиёди фаъолияти бахши хусусӣ аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ;
- рушди нокифояи инфрасохтори дастгирии давлатии субъектҳои бахши хусусӣ, аз ҷумла инфрасохтори молиявӣ, таълимӣ ва машваратӣ;
- мураккабии бархурдорӣ ва баҳрамандгардӣ аз имтиёзу афзалиятҳо барои субъектҳои соҳибкорӣ;
- сатҳи нокифояи ҷорикунии технологияҳои иттилоотӣ дар фаъолияти мақомоти давлатӣ, аз ҷумла рушд наёфтани хизматрасониҳои электронии давлатӣ;
- меъёрҳои фоизии баланди қарзҳои бонкӣ ва рушди нокифояи бозори қарздиҳии дарозмуддат;
- мавҷуд набудани фондҳои давлатии қарздиҳӣ ва кафолатӣ;
- ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ набудани механизми ҳалли масъалаҳои муфлисшавӣ;
- сатҳи нокифояи донишҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодии соҳибкорони ватанӣ.