Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи зиёда аз 8,6 млн доллар неруи барқ содир шудааст, ки 17,5% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ. Дар се моҳи аввали соли 2022 ин маблағ 7,3 млн долларро ташкил дода буд.
Бино ба маълумоти ширкати “Барқи тоҷик”, мутобиқи қарордодҳои имзошуда, неруи барқи Тоҷикистон ба Афғонистон (муддати тамоми сол) ва дар давраи баҳору тобистон (моҳҳои май-август) - ба Ӯзбекистон интиқол меёбад.
Тибқи қарордод бо ширкати Da Afghanistan Breshna Sherkat (DABS)-и Афғонистон барои соли 2022, дар мавсими тобистон ба истеъмолгарони ин кишвар шабонарӯзӣ то 400 МВт (моҳҳои май-август) барқ интиқол ёфта, дар мавсими тирамоҳу зимистон (сентябр-апрел) ҳаҷми он 10 баробар - то 40 МВт кам карда мешавад.
Ин ба он марбут аст, ки дар давраи тирамоҳу зимистон неруи барқ ҳатто барои таъмини истеъмолгарони дохилӣ намерасад. Маъмулан аз оғози фасли тирамоҳ то охири моҳи март сокинони минтақаҳои деҳот ба камбуди барқ дучор шуда, баъзан маҳдудият дар моҳи апрел низ давом мекунад.
Дар фасли тобистон бошад, кишвар дорои захираҳои зиёдатии обиву энергетикӣ мегардад, ки қисмате аз он дар неругоҳҳои барқи обӣ холӣ партоб мешавад.
Бино ба маълумоти Агентии омор, дар зарфи 3 моҳи аввали соли равон дар ҷумҳурӣ зиёда аз 5,4 млрд киловатт-соат неруи барқ истеҳсол шудааст, ки 1,6% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 мебошад.
Ҳудуди 88,4%-и барқ аз ҳаҷми умумӣ дар неругоҳҳои барқи обӣ, 11,6% - дар марказҳои барқу гармидиҳӣ истеҳсол шуда, ҳаҷми барқи истеҳсолшуда дар неругоҳҳои офтобӣ дар зарфи 3 моҳ ҳамагӣ 80 ҳазор киловатт-соатро ташкил додааст, ки ба 0,001% аз ҳаҷми умумии истеҳсол баробар аст.