Ҳаҷми умумии Буҷети давлатӣ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ зиёда аз 9,5 млрд сомонӣ ё худ каме бештар аз 870 млн долларро ташкил дод, ки 5,7% зиёдтар аз нақшаи тасҳеҳшуда мебошад, хабар медиҳад Вазорати молияи ҷумҳурӣ.

Даромадҳои пешбинишуда ба буҷет 520 млн сомонӣ барзиёд иҷро шуданд. Сарчашмаи асоии даромади буҷети давлатӣ андозҳо боқӣ мемонанд, ки беш аз 60%-и даромад ба онҳо рост меояд.

Тамоюли ғайримаъмулии мунтазам барзиёд иҷро шудани нақшаи даромади буҷет ҳар моҳ дар Тоҷикистон, пас аз мавриди амал қарор гирифтани Кодекси нави андоз дар таҳрири нав аз моҳи январи соли 2022 идома дорад.

Коршиносони мустақил интизор доштанд, ки қонунгузории нави андоз дар аввал боиси коҳиши даромади буҷет мешавад, зеро меъёри бархе аз андозҳо коҳиш ёфт.

Масалан, меъёри ААИ, ки зиёда аз 40%-и маблағи пардохтҳо аз андозро ташкил медиҳад, аз 18% то 15% поин рафт.

Иқтисодчиёни Бонки ҷаҳонӣ дар гузориши ахири худ дар бораи дурнамои иқтисоди ҷаҳонӣ зикр карданд, ки касри буҷети Тоҷикистон дар соли 2022 асосан аз ҳисоби маблағгузории хориҷӣ пӯшонида мешуд.

“Касри буҷет қисман аз ҳисоби грантҳои шарикони рушд ва воридоти бештари ғайриандозӣ ҷуброн шуд”, - гуфта мешавад дар гузориш.

Қаблан, дар моҳи январи соли ҷорӣ дар изҳороти намояндагони Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) аз рӯи натиҷаҳои сафари навбатӣ ба ҷумҳурӣ зикр гардида буд, ки барои ҷамъоварии андоз дар соли 2022 афзоиши даромад аз бахши истихроҷи маъдан мусоидат кардааст. Онҳо "афзоиши назарраси истихроҷи маъдан ва болоравии меъёри андоз аз даромади ширкатҳои истихроҷи маъданро" зикр карданд.

Ҳамчунин, намояндагони Хазина афзоиши даромади андоз ба буҷетро ба "қадамҳои давра ба давра бекор намудани баъзе аз имтиёзҳои андозӣ" рабт доданд - мутахассисони ХБА ба ҳукумати ҷумҳурӣ тавсия доданд, ки аз онҳо комилан даст кашад. Қабл аз ин иқтисодчиёни Бонки ҷаҳонӣ низ тавсия дода буданд, ки тариқи коҳиши имтиёзҳо низоми андозбандӣ бознигарӣ шавад.

"Ин метавонад заминаи андозро васеъ карда, нобаробариро кам кунад", - зикр шуда буд дар Гузориши хароҷоти давлатии Тоҷикистон, ки ин ниҳод дар охири соли гузашта нашр кард.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Кумитаи андози кишвар, даромади буҷети давлатӣ аз андозбандии дохилӣ дар соли гузашта метавонист 25% бештар шавад - пардохтҳо ба маблағи 3,8 млрд сомонӣ (беш аз 370 млн доллар) бинобар пешниҳоди имтиёз ва сабукиҳои гуногун дар пардохти андоз ҷамъоварӣ нашуданд.

Пешниҳоди имтиёзҳоро дар Кумитаи андоз бо “ҷалби ҳаҷми зиёди сармоягузорӣ ба иқтисоди кишвар” асоснок мекунанд.

Дар соли 2022 аз ҳисоби андозҳои дохилӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети давлати кишвар ҳудуди 15,4 млрд сомонӣ (1,5 млрд доллар) маблағ ворид гардид, ки 537 млн сомонӣ (52 млн доллар) зиёдтар аз нақшаи тасҳеҳшуда мебошад. Ҳиссаи даромадҳо аз андоз (бо назардошти пардохтҳои гумрукӣ) дар қисми даромади буҷети давлатии Тоҷикистон аз 65 то 70%-ро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.