Занон дар Тоҷикистон ба мушкилоти зиёде, ки ба онҳо ҷиҳати иштироки ҳамаҷониба дар тиҷорати байнулмилалӣ имкон намедиҳад, дучор мешаванд, гуфта мешавад дар таҳқиқоти Бонки ҷаҳонӣ таҳти унвони “Тоҷикистон: Тиҷорати фаромарзӣ дар андозагирии гендерӣ”.
Дар таҳқиқот зикр мешавад, ки густариши тиҷорати байнулмилалӣ барои коҳиши миқёси фақр, афзоиши имконоти шуғл ва болоравии даромад, бахусус барои заноне, ки дар бахшҳои содиротӣ кор мекунанд, муҳим аст.
Аммо муҳаққиқон таъкид мекунанд, ки занон дар Тоҷикистон бо мушкилоти мухталиф рӯбарӯ ҳастанд, ки монеи ширкати комил дар тиҷорат мешаванд.
Ин монеаҳо ба мушкилоти дастрасӣ ба иттилоот, истифодаи пардохтҳои электронӣ, пешниҳоди ҳуҷҷатҳои электронӣ, пешакӣ анҷом додани расмиёти эъломияи мол, машварат бо ҳукумат, инчунин ба иштирок дар иттиҳодияҳои тиҷоратӣ ё соҳавӣ марбутанд.
Барои бартараф намудан мушкилот ба ҳукумати Тоҷикистон роҳандозии тадбирҳоизерин тавсия мешавад:
- суръат бахшидан ба татбиқи пурра ва самараноки Созишнома бо Созмони ҷаҳонии тиҷорат дар самти соддагардонии тиҷорат;
— таҳким ва пешбурди фаъолияти Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба соддагардонии расмиёти тиҷорат;
- беҳтар намудани дастрасӣ ба муқаррарот ва қоидаҳои танзимкунандаи реҷаи сарҳадӣ;
- беҳбуди машваратҳои мунтазами расмӣ байни давлат ва бахши хусусӣ, бахусус бо корхонаҳое, ки занон ба онҳо роҳбарӣ мекунанд;
- баррасии қоидаҳои расмии ҳалли арзу шикоят ва ба таври дастрасу фаҳмо расонидани ин маълумот ба ҳамагон;
- таҳким ва пешбурди низоми эъломия ва фароҳам овардани зерсохтори мувофиқ дар мақомоти гумрук ва дигар мақомоти сарҳадӣ;
- беҳтар намудани хидматрасонии зерсохторӣ ва шароити мусоид дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ;
- ҷалби бештари занон ба кор ва беҳтар намудани шароити кор дар гумрук ва дигар мақомоти сарҳадӣ, инчунин дар постгоҳҳои сарҳадӣ;
- беҳтар кардани дастрасӣ ба маблағгузорӣ дар тиҷорат.
Дар доираи таҳқиқот аз моҳи март то ноябри соли 2022 дар байни 401 ширкати тиҷоратии фаромарзӣ ва 31 брокер (даллолҳо)-и гумрукӣ назарсанҷӣ гузаронида шудааст.
"Пештар обрӯяш бештар буд". Имрӯз омӯзгори тоҷик чӣ мақом дорад ва чӣ тавр онро баланд бардорем?
Ҷалби Олмон ба сохтмони “Роғун”. Эмомалӣ Раҳмон дар Остона чӣ гуфту чӣ шунид?
Боз бидуни шарҳ. Вохӯрии навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон оид ба муайян кардани хатти марз
Cохтмони 36 манзил барои осебдидагон аз офат дар Фархор дар арафаи анҷомёбист
Бидуни об ва бе шароити зист. Зиндагии муҳоҷирони экологӣ дар Тоҷикистон
“Биёрой рӯи заминро ба меҳр”. Бузургдошти ду чеҳраи илму адаби тоҷик дар Машҳад
"Ба ин гурӯҳҳо иртиботе надорем" “Душанбе Сити” пайдо шудани гурӯҳҳои шабҳанок аз номи бонкро шарҳ дод
Дар Тоҷикистон тайи даҳсолаи ахир зиёда аз 4 ҳазор офати табиӣ рух дод
Пешниҳоди таъсиси боз як қувваи зиддитолибонӣ. Ҳизбу шӯрову ҷабҳаҳои "собиқадор" чӣ ҳол доранд?
Як сокини Деваштич барои ба худкушӣ расонидани келинаш 5 сол равонаи зиндон шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста