Маркази тиҷорати байналмилалӣ, ки бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо барои рушди тиҷорати хурд дар кишварҳои Осиёи Марказӣ-Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Қирғизистон кӯмак мерасонад, бо ҳадафи ба роҳ мондани пайванди тиҷорати хурд ба бозорҳои аврупоӣ, ноил шудан ба дастовардҳои назаррас ва мусоидат ба тиҷорати байналхалқӣ дар Осиёи Марказӣ ташкил шудааст.

Дар робита ба ин, чанде пеш дар шаҳри Алматои Қазоқистон намояндагони тиҷорат аз панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва шарикон аз бахши хусусӣ ҷамъ омада, талошҳо барои афзоиши шаффофияти тиҷорати фаромарзӣ ва бартарафсозии монеаҳои назоратӣ, таҳияи барномаи минтақавии омӯзишӣ оид ба мудирияти содирот барои тақвияти риояи расмиёти фаромарзӣ, натиҷаҳо ва омилҳои муваффақияти ташаббусҳо оид ба соддагардонии раванди тиҷорат бо назардошти ҷанбаҳои гендерӣ ва талошҳои минбаъда барои таъмини рушди устуворро баррасӣ карданд.

Чорабинӣ имкон фароҳам овард, то намояндагони тиҷорати Осиёи Марказӣ имкониятҳоеро баррасӣ кунанд, ки дар робита ба амалисозии Роҳнамои иттилооти тиҷоратӣ (Central Asia Gateway) ва шабакаи Порталҳои соддагардонии раванди тиҷорат дар Осиёи Марказӣ равона шудааст. 

Роҳнамои иттилооти тиҷоратӣ махзани онлайнии маълумот ба шумор меравад, ки ба тиҷорат дар Осиёи Марказӣ мусоидат намуда, ҷиҳати пайваст намудани минтақа ба бозорҳои байналмилалӣ ёрӣ мерасонад.

Ин пойгоҳ, иттилооти Порталҳои миллии савдои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистонро дар як торнамо ҷамъ мекунад, то дастрасии осони истифодабарандагонро ба маълумот дар бораи расмиёти савдои фаромарзӣ таъмин намояд.


Ин роҳнамо шаффофияти пурраи ҳар як марҳаларо таъмин мекунад, хароҷот, вақт ва талошҳои марбут ба ҷустуҷӯи маълумот доир ба тиҷоратро коҳиш медиҳад, хавфи таъхири интиқоли борҳоро аз тариқи сарҳад ба ҳадди аққал мерасонад ва долонҳои тиҷоратию ҳамгироии тиҷорати минтақавиро дастгирӣ менамояд.

Роҳнамои иттилооти тиҷоратӣ дар суроғаи зерин дастрас аст: https://infotradecentralasia.org/?lng=ru

Роҳнамо зиёда аз 277 намуди мол ва хизматрасонии пурхаридорро фаро гирифта, аллакай беш аз 160 ҳазор истифодабаранда дорад. Пойгоҳ барои таҳияи харитаҳои роҳ бо ҳадафи мусоидат ба соддагардонии расмиёти савдо истифода шуда, дар амалӣ кардани зиёда аз 40 тавсияи муфассал барои осон намудани тиҷорати фаромарзӣ ёрӣ расонидааст.

Маълумоте, ки Роҳнамои иттилооти тиҷоратии Осиёи Марказӣ фароҳам меорад, ба ҳукуматҳо ва шахсони тасмимгиранда, тоҷирон, брокерҳои гумрукӣ, экспедиторон, иттиҳодияҳои соҳибкорон, сармоягузорони эҳтимолӣ, доираҳои илмӣ ва пажӯҳишгарон ва созмонҳои байналмилалӣ, ки дорои ҳадафҳои гуногунанд, дахл дорад.

Ҷузъҳои сохтории он, роҳнамои қадам ба қадамеро доир ба расмиёти савдои фаромарзӣ аз нуктаи назари фурӯшанда муфассал фароҳам меорад.

Дар Тоҷикистон Портал аллакай ба сарфаи вақт ва хароҷот дар амалигардонии тиҷорати фаромарзӣ мусоидат кардааст. Портали тиҷоратии Тоҷикистон оид ба расмиёти воридот, содирот ва транзити бештар аз 70 гуруҳи маҳсулоти калидӣ, аз ҷумла ҳуҷҷатҳои муҳим, намунаҳои ҳуҷҷатҳо ва тартибу равандҳои мавҷуд, инчунин маълумоти муҳим барои тиҷорати хурд, дастурамал дорад.

Аз замони ба кор оғоз кардани платформа дар моҳи апрели соли 2019, ки аз сӯи Вазорати рушди иқтисод ва саводи Тоҷикистон сохта шудааст, аз он бештар аз 120 ҳазор нафар истифода карда, теъдоди истифодабарандагон дар ҳоли афзоиш аст.

«Роҳандозии Info Trade Central Asia Gateway барои минтақаи Осиёи Марказӣ, ки ба нақшаҳои Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳимояти сармоягузории оқилона ба зерсохтори босифат мутобиқ аст, марҳилаи муҳиме дониста мешавад. Ташаббуси дувум — барномаи омӯзишӣ оид ба мудирияти содирот — барои бозкушоии зарфияти бахши хусусии Осиёи Марказӣ ва расидан ба танаввуи содирот ҳамчун калид ба ҳисоб меравад”,- гуфт Юрий Скаскевич, роҳбари барномаҳо, аз ҳайати Иттиҳоди Аврупо дар Қазоқистон.

Чорабинии минтақавие, ки дар Алмато гузашт, ба шарикони Маркази тиҷорати байналхалқӣ имкони шиносоӣ ва таҳлили барномаи омӯзишии мудирияти содиротро дар минтақа фароҳам овардааст.

Барои пешбурди тиҷорати минтақаӣ ва байналхалқӣ Маркази байналмилалии тиҷорат барои ширкатҳои тиҷории хурду миёна дар ҳар кадом кишвари Осиёи Марказӣ давраҳои омӯзишии ройгонро таҳия ва баргузор кардааст.


То ҳол беш аз 4,5 ҳазор намояндаи тиҷорати хурду миёна аз омӯзишҳои онлайниву офлайнӣ баҳра гирифтаанд, ки ин омӯзишҳо талаботи равандҳо ва меъёрҳои фаромарзиро фаро мегирифтанд.

Давраҳои омӯзишии мазкур барномаи комили омӯзиши муосирро оид ба мудирияти содирот дар бар мегиранд ва барои содиркунандагони оянда ва роҳбарони ширкатҳо бо ҳадафи боло бурдани тахассуси онҳо пешбинӣ шудаанд.

Давраҳои омӯзишӣ масоиле, мисли аз қоидаҳои тиҷорати байналхалқӣ то раванди содирот, масирҳои транзит, стандартҳои сифат ва мутобиқат, инчунин талаботи бозори Иттиҳоди Аврупоро фаро мегиранд.

Академияи содироти Тоҷикистон дар суроғаи зерин дастрас аст: https://export-tjk.learning-solutions.cloud/

То имрӯз дар Тоҷикистон дар давраҳои омӯзишии анъанавӣ таҳти роҳбарии тренерҳо бештар аз 380 фоидагирандаи Маркази савдои байналхалқӣ иштирок кардаанд, ки ҳар сеюмини онҳо зан буданд.

Холбибӣ Эшонбобоева, зани соҳибкори ҷавон аз Тоҷикистон аст, ки аз ин омӯзишҳо истифода кардааст. Ӯ мегӯяд, «барои ба роҳ мондани савдои байналхалқӣ ба зарфиятҳои худ итминони бештар ҳосил кард, қоидаҳо ва меъёрҳои марбутаро омӯхта, қонунҳоро медонад”.

“Дарк мекунам, ки дар ҳолатҳои ғайриинтизор дар марз чӣ гуна рафтор кунам. Машваратҳои амалие, ки ман дар ҷараёни омӯзиш аз худ кардам, хеле муфид буданд”, - гуфт ӯ.

Дастандаркорони ҳамоиш изҳор доштаанд, ки акнун бо истифода аз платформаҳои нав соҳибкорони хурд аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон метавонанд ба шабакаҳои нави фурӯши онлайн дастрасӣ пайдо карда, доираи муштариёни худро зиёд гардонанд.

«Мо боварӣ дорем, ки Осиёи Марказӣ низ дар якҷоягӣ қавитар хоҳад шуд. Лоиҳаи Ready4Trade тиҷорати электрониро барои тиҷорати хурд дар Осиёи Марказӣ дастгирӣ мекунад. Корхонаҳои Осиёи Марказӣ қавӣ, устувортар ва дар сатҳи байналмилалӣ шинохта хоҳанд шуд»,- бовар дорад  Кестутис Янкаускас, Сафири Иттиҳоди Аврупо.

Барномаи омӯзишӣ доир ба содирот ва тиҷорати байнулмилалӣ қисме аз тарҳи минтақавии Ready4Trade Осиёи Марказӣ (2020-2023) аст, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ ва аз сӯи Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) барои пешбурди тиҷорати дохилиминтақавӣ ва байнулмилалӣ дар Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон амалӣ мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.