Мувофиқи фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ба Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ дастур дода шудааст, ки тибқи тартиби муқарраргардида Котиботи генералии Институти стандартҳо ва метрологияи кишварҳои исломиро дар бораи ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Институти мазкур огоҳ намояд.
Фармони дахлдори аз ҷониби президент рӯзи 8 августи соли равон имзошуда дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ нашр шудааст.
Дар санад гуфта мешавад,Тоҷикистонро дар ин ниҳод (институт) Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди ҳукумат ҳамчун мақоми миллӣ дар соҳаи стандартизатсия, метрология ва баҳодиҳии мутобиқ намояндагӣ мекунад.
Институти стандартҳо ва метрологияи кишварҳои исломӣ (SMIIC), ки айни замон 42 кишвари ҷаҳон аъзои он мебошанд, 7 ноябри соли 1999 барои ҳамоҳангсозии стандартҳои мавҷуда ва омода кардани стандартҳои нав дар назди Созмони ҳамкории исломӣ (OIC) таъсис дода шудааст.
Дар ҳайати SMIIC 18 кумитаи техникӣ дар самтҳои гуногун амал карда, аз ҷониби онҳо 35 стандарт (меъёр), аз ҷумла талаботи умумӣ ба истеҳсол, нигаҳдорӣ, интиқол ва фурӯши маҳсулоти ҳалол таҳия шудааст.
Ҳалол маҳсулотест, ки ба истеъмоли он дар ислом иҷоза шудаву он ҷоиз аст. Аз ҷумла, ин мафҳум барои ифодаи ғизои дуруст тайёршуда ва иҷозашуда барои мусулмонон истифода мешавад.
Тибқи маълумоти гуногун, айни замон ҳаҷми гардиши маҳсулоти “ҳалол” дар дунё зиёда аз 2 триллион долларро ташкил медиҳад. Мувофиқи пешгӯии коршиносон, то соли 2025 ҳиссаи ин навъи маҳсулот метавонад на камтар аз 20%-и тамоми маҳсулоти истеҳсолшударо ташкил диҳад.
“Танҳо ба тафтишоти боадолатона умед дорем”. Нигаронии пайвандони гумонбарони кушторҳо дар Конибодом аз сарнавишти боздоштшудагон
Боздошти се ҷавон дар пойтахт бо гумони интиқоли 16 кг маводи мухадир ба хориҷи кишвар
Поквиҷдону меҳрубон. Ёде аз забоншиноси маъруф Баҳриддин Камолиддинов
Афзоиши содироти хушкмева. Тоҷикистон ба куҷо ва чӣ қадар хушкмева фурӯхт?
Амрико теъдоди ғолибони “Green Card-2025”-ро эълон кард. Аз Тоҷикистон чанд кас баранда шуд?
Ду нафар ҳалок шуданд. Дар бинои баландошёнае дар Душанбе 4 мард ба замин афтоданд
Соли гузашта муҳоҷирон $5,8 млрд ба Тоҷикистон фиристодаанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Намаки бобоӣ”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2025
Сафорати Арабистони Саудӣ сабаби ихроҷи Тоҷикистон аз феҳристи кишварҳо барои дарёфти “eVisa”-ро шарҳ дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста