Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) тангаҳои намунаи соли 2023 бо арзиши 20, 50 дирам ва 1, 3, 5 сомониро ба муомилот баровард.

Тавре ки шуъбаи матбуоти Бонки миллӣ хабар медиҳад, қарори дахлдори Раёсати БМТ дар ин бора ҳафтаи гузашта қабул шудааст.

1/5

Гуфта мешавад, тибқи қарори мазкур муқаррар карда шудааст, ки ин тангаҳо дар қатори тангаҳои гардишии БМТ, ки дар муомилот қарор доранд, баробар гардиш менамоянд.

Зимнан зикр мегардад, ки БМТ барои ҳамлу нақл, баҳисобгирӣ ва ташкил намудани шароит ҷиҳати ба муомилот баровардани тангаҳои барориши соли 2023 бо арзиши номиналӣ тибқи тартиби муқарраршуда чораҳои зарурӣ меандешад.

Ёдрас мекунем, ки пули миллии Тоҷикистон - сомонӣ 30 октябри соли 2000-ум ба ҷойи рубли тоҷикӣ, ки аз моҳи майи соли 1995 амал мекард, ба муомилот бароварда шуд.

Ҳамчунин тангаҳои силсилаи 2001-2006, ки соли 2011 тайёр шуда, 2 феврали соли 2013 ва инчнуин 1 июли соли 2022 расман ба гардиш бароварда шуданд, мавриди додугирифт қарор доранд.

Ҳамчунин пулҳои коғазии арзишашон 1 (як), 3 (се), 5 (панҷ), 10 (даҳ), 20 (бист), 50 (панҷоҳ), 100 (сад), 200 (дусад) ва 500 (панҷсад) сомонии тоҷикӣ низ ба муомилот бароварда шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.