Дар Гузориши макроиқтисодии Бонки авруосиёии рушд (БАОР) гуфта мешавад, омили калидии афзоиши касри савдои хориҷии Тоҷикистон коҳиши содирот мебошад.

Дар гузориш зикр мегардад, ки касри савдои хориҷӣ (зиёд будани воридот аз содирот) дар моҳи январ-августи соли ҷорӣ 2,8 млрд долларро ташкил додааст.

Гуфта мешавад, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 60% (аз 1,8 млрд доллар дар моҳҳои январ-августи соли 2022) зиёд шуд.

Коҳиши ҳаҷми содиротро таҳлилгарони БАОР ба камшавии ба фурӯш баровардани тилло, фулузот (металлҳо)-и арзон (алюминии аввалия) ва маҳсулоти минералӣ (семент, ангишт, маъдан ва консентратҳо) нисбат медиҳанд.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи афзоиши талаботи дохилӣ ба иқтисод ҳамзамон ҳаҷми воридот афзуд.

“Дар ҳамин ҳол, суръати моҳонаи афзоиши воридот суст мешавад (дар моҳи август онҳо манфӣ шуданд - бори аввал аз моҳи феврали соли 2023), ки зиёдшавии касри савдои хориҷиро нигоҳ медорад”, - менависанд муаллифони гузориш.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, касри савдои хориҷии ҷумҳурӣ аз рӯи натиҷаҳои моҳи сентябр боз 400 млн доллар зиёд шуда, давоми моҳҳои январ-сентябри ҳамин сол ба 3,2 млрд доллар расид.

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон дар ин давра 971 млн доллар ва воридот - ҳудуди 4,2 млрд долларро ташкил додааст.

Дар Агентии омор коҳиши ҳаҷми содиротро дар навбати аввал - аз ҷумҳурӣ баровардани металл ва сангҳои қиматбаҳо, маснуот аз санг, гаҷ (гипс ва семент, маҳсулоти минералӣ ва нахи пахта) маънидод мекунанд.

Дар зарфи 9 моҳи соли равон кишварҳои асосии фурӯши маҳсулоти Тоҷикистон Қазоқистон (22% аз ҳаҷми умумии содирот), Чин (20,4%) ва Ӯзбекистон (12,7%) дониста шудаанд.

Ба Тоҷикистон молу маҳсулот нисбатан бештар аз Русия (26,7% аз ҳаҷми умумии воридот), Чин (20,8%) ва Қазоқистон (14,8%) ворид шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.