Аз аввали даҳаи дуюми ҳамин моҳ қурби рубли Русия нисбати арзи миллии Тоҷикистон - сомонӣ ба андозаи 5,5% боло рафт.

Қурби расмии рубл нисбати сомонӣ, ки ҳамарӯза аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) муқаррар карда мешавад, аз 109,9 сомонӣ барои 1000 рубл дар рӯзи 11 октябр то ба 115,9 сомонӣ дар имрӯз афзуд.

Мутаносибан, дар нуқтаҳои мубодилаи асъори бонкҳо низ қурб дар ҳамин сатҳ тағйир ёфт: аз 110 сомонӣ (харид) ва 112 (фурӯш) дар рӯзи 11 октябр то ба 116 (харид) ва 118 сомонӣ (фурӯш) барои 1000 рубл.

Чаро қурби рубл боло меравад?

Дар ҳамин ҳол, ба навиштаи “Ведомости”, нимаи дирӯз (23 октябр) қурби доллар нисбати рубл то поинтар аз 95 рубл (1 доллар) кам шуд.

Ба иттилои нашрия, ҳафтаи навро рубл бо болоравии қурб нисбати се асъори ҷаҳонӣ оғоз намуд: нимаи рӯз дар Мосбиржа 1 доллар то 94,6 рубл поин рафта, 1 евро 100,3 рубл ва юан - 12,89 рубл фурӯхта шуданд. Аз сатҳи ниҳоии ҳафтаи гузашта доллару евро 3,4% ва юан - 3,5% беқурб шуданд.

Таҳлилгарони аз ҷониби “Ведомости” пурсидашуда изҳор доштаанд, ки омодагии содиркунандагон ба давраи пардохти андозҳо айни замон омили асосии мустаҳкам шудани рубл мебошад.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи октябр президенти Русия Владимир Путин дар бораи фурӯши ҳатмии даромади асъор фармон ба имзо расонид.

Ғайр аз ин, “Ведомости” бо истинод ба коршиносон зикр мекунад, ки болоравии нархи нафт яке аз омилҳои калидӣ барои мустаҳкашавии қурби рубл аст.

Таҳлилгари ширкати “Первая” Владислав Данилов таъкид доштааст, ки боқӣ мондани нархи “тиллои сиёҳ” дар сатҳҳои нисбатан баланд (91,7 рубл барои 1 баррели навъи Brent) дар баробари коҳиши воридоти молу маҳсулоти аз ҷониби Бонки марказӣ сабтшуда рублро аз ҳисоби зиёдшавии ҳисоби амалиёти ҷорӣ дастгирӣ мекунад.

Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, субҳи имрӯз қурби рубл нисбат ба доллар дар сатҳи 94,70 рубл (1 доллар), евро - 100,30 рубл ва юан - 12,92 рубл муқаррар шудааст.

Ба фоидаи оилаҳои муҳоҷирони корӣ

Болоравии қурби рубл нисбати сомонӣ ҳаҷми даромади оилаҳои муҳоҷирони меҳнатиро, ки дар қаламрави Русия машғули коранд, зиёд мекунад.

Агар дар аввали даҳаи дуюми моҳи октябр дар нуқтаҳои мубодилаи асъор барои 1000 рубл 110 сомонӣ пардохт мекарданд, акнун - 116 сомонӣ медиҳанд.

Тибқи маълумоти гуногун, ҳудуди 1,5 млн нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия кору зиндагӣ мекунанд.

Агар ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ дар бораи дар хориҷи кишвар кор кардани ҳадди ақалл 1 нафари 40%-и хонаводаҳои Тоҷикистон бовар кунем, пас теъдоди чунин оилаҳо садҳо ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти омори расмӣ, дар ҷумҳурӣ зиёда аз 1,3 млн хонаводаҳо ба қайд гирифта шудааст.

Тибқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, соли 2022 аз ҷониби муҳоҷирони кории тоҷик ҳаҷми рекории 5,2 млрд доллар ба ватан фиристода шудааст, ки ба 49%-и ММД-и соли гузашта ҷумҳурӣ баробар аст.

Ҳудуди 90%-и интиқоли маблағ ба бонкҳои Тоҷикистон маъмулан бо рубл сурат мегирад. Аз соли 2016 бо дастури махсуси Бонки миллии Тоҷикистон интиқол бо рубл ба қабулкунандагон танҳо бо асъори миллӣ бо қурби мубодилаи он дар замони гирифтан дода мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.