Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, зимни табрикоти хеш бахшида ба ҷашни миллии кишоварзии Меҳргон аз кишоварзон даъват кард, ки дар тамини кишвар бо маҳсулоти кишоварзӣ ва содироти он саҳим бошанд.

Дар воқеъ, то чӣ ҳад Тоҷикистон метавонад содироти маҳсулоти кишоварзиро зиёд кунад?

Соли 2022 Тоҷикистон ба маблағи беш аз 2,3 миллиард доллар маҳсулот содир кардааст, ки аз ин 249 миллион доллар маҳсулоти кишоварзӣ (нахи пахта – 195 миллион доллар, меваю сабзавот – 54 миллион доллар) мебошад. Ҳиссаи маҳсулоти хоҷагии қишлоқ дар таркиби умумии содирот қариб 11 дарсадро ташкил додааст.

Талаботи аҳолӣ ба сабзавоту зироатҳои полезӣ 1,6 миллион тонна, меваю буттамева 1,2 миллион тоннаро ташкил медиҳад.

Маҳсулоти асосии содиротии кишоварзӣ

Пахта


Сабаб - афзоиши коркарди пахта дар дохили кишвар бо мақсади бештар кардани истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши иловашуда (матоъ, либос ва ғайра) мебошад.

То соли 2025 истеҳсоли матоъҳои пахтагӣ, тибқи пешгӯии Вазорати рушди иқтисод, бояд аз 11,6 то 32,7 ҳазор метри мураббаъ афзоиш ёбад.

Пиёз


Даромад аз содирот дар ояндаи наздик метавонад аз 6 миллион доллар ба 9 миллион доллар афзоиш ёбад.

Ин рақам аз ҳисоби баланд бардоштани ҳосил ба нақша гирифта шудааст.

Сабзӣ      


Даромад аз содироти сабзӣ ҳоло тақрибан 500 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Даромадро тавассути содироти сабзии хушк, ки арзиши як тоннааш 450 доллари амрикоист, бо кам кардани талафоти интиқол, бештар кардан мумкин аст.

Барои афзоиши даромад аз содироти сабзӣ, Тоҷикистон метавонад ба ҳосили барвақти баҳорӣ такя кунад. Ҳавои мусоиди Тоҷикистон имкон медиҳад, ки сабзӣ дар як сол бор  - дар моҳҳои феврал-март, август ва ноябр—декабр кишт карда шавад.

Карам


Даромад аз содироти карам тақрибан 250 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Барои зиёд кардани даромад аз содироти карам, мисли сабзӣ, онро дар тамоми сол - баҳору тобистон, тирамоҳ ва зимистон парвариш кардан мумкин аст.

Чормағз ва писта


Дар соли 2022 Тоҷикистон ҳудуди 1 ҳазор тонна чормағз, писта ва бодомро ба маблағи 1,5 миллион доллар содир кардааст, ки тақрибан нисфи онро содироти пистаи тозашуда – 737 ҳазор доллар ташкил медиҳад.

Маълумоти аник дар бораи он ки дар кишвар чӣ кадар чормағз, писта ва бодомро истехсол карда мешавад, нест. Аммо аз рӯи маълумоти тахминӣ ҳаҷми умумии онҳо аз 10 ҳазор тонна зиёд нест, ки даҳяки он ба хориҷ содир мешавад.

Дурнамо – ба гуфтаи иқтисоддонҳо, фоида аз парвариши писта, чормағз ва бодом нисбат ба зироатҳои полизӣ ва ғалладона хеле зиёд аст.

Дар Тоҷикистон то ҳол дар миқёси саноатӣ истеҳсоли меваи чормағз вуҷуд надорад.

Лимӯ


Тоҷикистон ҳамасола ба хориҷи кишвар ба маблағи 450-500 ҳазор доллар лимӯ мефурӯшад.

Дурнамои парваришу ҳосилғундорӣ ва содироти лимӯ ноумедкунанда аст. Лимӯпарварон онро дар гармхонаҳои бо сарфи маблағи зиёд парвариш мекунанд, аммо нархи он аксар вақт аз арзиши истеҳсолии он камтар аст. Аз ин рӯ, таваҷҷӯҳ лимупарварӣ сол аз сол коҳиш меёбад.

Ангур


Тоҷикистон аз содироти ангури тару тоза дар як сол ба маблағи беш аз 10 миллион доллар фоида ба даст меорад. Шурӯъ аз соли гузашта хушконидани ангур ва содироти мавиз ба роҳ монда шудааст.

Майдони умумии ангурзор дар кишвар қариб 40 ҳазор гектарро ташкил медиҳад.

Дурнамо — давлат ангурро яке аз навъҳои афзалиятноки маҳсулоти хочагии қишлоқ ҳисоб карда, ангурпарвариро аз рӯйи барномаи махсус рушд дода, ҳосилнокии онро ҳар сол 10 ҳазор тонна зиёд мекунад.

Зардолу


Зардолу аз ҷиҳати парвариш ва ҳаҷми содирот дар байни дигар меваҳо дар ҷойи аввал аст. Даромади солона аз он 20 то 25 миллион долларро ташкил медиҳад.

Дурнамо - ба далели даромаднокии зиёд Тоҷикистон ният дорад дар ду соли оянда содироти зардолуи хушкро ду баробар афзоиш диҳад. Бо ин мақсад, ҳам дар вилояти Суғд, ки пешсафи анъанавии парвариши ин маҳсулот аст ва ҳам дар вилояти Хатлон майдолнҳои нави зардолу бунёд мешаванд.

Мева


Дурнамо – ҳукумат ният дорад, ки дар се соли наздик истеҳсоли меваро ба 516 ҳазор тонна ва содирогти онро ба 30 ҳазор тонна расонад.

Ба гуфтаи коршиносон, зарфияти Тоҷикистон дар ин самт тақрибан ду баробар бештар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.