Яке аз мудирони Бонки авруосиёии рушд (БАОР) Денис Илин рӯзи панҷшанбе зимни нишасти матбуотӣ дар Алмато изҳор доштааст, ки БАОР ният дорад, ки дар соли оянда баҳри маблағгузорӣ ба лоиҳаи сохтмони Неругоҳи барқи обии “Роғун” 130 млн доллар ҷудо кунад.
Ба гуфти ӯ, гуфтушунидҳо оид ба масъалаи мазкур бо ҳукумати Тоҷикистон ва дигар мададрасонҳои имконпазир (шарикони рушди ҳукумати ҶТ) айни замон дар марҳилаи фаъол қарор доранд.
Раиси раёсати БАОР Николай Подгузов муҳимияти амалисозии ин лоиҳаро натанҳо барои Тоҷикистон, балки ба сурати умум барои тамоми минтақа зикр кардааст.
“Ба эҳтимоли зиёд дар соли 2024 мо аллакай дар бораи он ҳарф хоҳем зад, ки дар ҳайати дигар иштирокчиён қисмате аз ин лоиҳаи бузургро маблағгузорӣ кардем”, - иброз доштааст вай.
Соли 2022 оид ба ҷалби маблағҳо аз мададрасонҳои байнулмилалӣ барои сохтмони НБО “Роғун”, ки дар он БАОР ҳам иштирок мекунад, консорсиум таъсис дода шуд. Ҳамоҳангсози кори ин консорсиум Бонки ҷаҳонӣ мебошад.
Қаблан охири моҳи ноябр Подгузов зимни нишасти матбуотӣ дар Алмато дар бораи таваҷҷуҳи БАОР ба дастгири лоиҳаи неругоҳи “Роғун” изҳори назар кард.
“Мо дар ин баррасиҳо иштирок дорем ва мехостем, ки барои неругоҳ маблағ ҷудо кунем”, - илова карда буд ӯ.
Айни замон идомаи амалисозии лоиҳаи сохтмони неругоҳи “Роғун” танҳо аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ таъмин мешавад.
Аввали ҳамин моҳ ҳукумати Тоҷикистон ва Фонди Саудии рушд дар бораи маблағгузорӣ ба лоиҳаи сохтмони неругоҳи “Роғун” дар ҳаҷми 100 млн доллар созишномаи қарзӣ ба имзо расониданд.
Ғайр аз ин, тибқи маълумоти Вазорати молияи ҶТ, дар бораи ҷалби қарзи имтиёзнок аз Бонки осиёии сармоягузории зерсохторӣ (Чин) дар ҳаҷми 500 млн доллар пешакӣ қарордод шудааст.
Ҳамчунин дар мавриди ҷалби маблағҳо аз Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, Бонки аврупоии сармоягузорӣ, Фонди рушди Абу Даби, Фонди Кувейтии рушд ва ғайра гуфтушунидҳо ҷараён доранд.
То имрӯз барои амалисозии ин лоиҳа 2 млрд 80 млн доллар масраф шудааст. Анҷоми он то охири соли 2031 дар назар аст.
Маълумотнома
НБО Роғун аз бузургтарин лоиҳаи истеҳсоли барқ дар минтақаи Осиёи Марказӣ буда, сохтмони он беш аз даҳ сол ин ҷониб идома дорад. Иқтидори муқаррашудаи он 3600 МВт-ро ташкил медиҳад.
Пас аз пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани неругоҳ, истеҳсоли барқ дар он аз 13 то 17 млрд киловатт-соат дар як солро ташкил хоҳад дод, ки тақрибан ба 65-85% аз ҳаҷми солонаи ҳамаи иқтидорҳои истеҳсоли барқ дар ҷумҳурӣ баробар аст.
Дар толори мошинҳои неругоҳ дар маҷмуъ насби 6 агрегат ба нақша гирифта шудааст, ки иқтидори ҳар кадоме аз он 600 МВт-ро ташкил медиҳад.
“Поям дард мекунад”. Дар Хуҷанд қариб 50% автобусҳо аз ҳаракат бозмондаанд
Вазорати маориф: Баъди марги кӯдаки даҳсола дар Ваҳдат директори мактаб аз вазифа барканор шуд
Қариб 600 муҳоҷири ихроҷшуда дар Тоҷикистон бо кор таъмин шудаанд
“Зоҳиран ба ҷинояткор монанд будааст” Шикояти рӯзноманигор ба додситонӣ аз рафтори ғайриқонунии корманди милитсия нисбати фарзандаш
Огоҳӣ ба операторон: барои алоқаи пастсифат ҷарима ё иҷозатномаатон бозхонд мешавад
Табибони чинӣ дар Тоҷикистон қалби даҳҳо нафарро ройгон ташхис карданд
"Мо ба касе паёмак ирсол накардаем". Ҳушдори "Почтаи тоҷик" аз қаллобон
Озмуни “Беҳтарин ҳамсар”. Интихоб чӣ гуна сурат мегирад ва ғолиб чӣ тавр муайян мешавад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Аз хиёл то ҳақиқат”
Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши СААД ба Остона рафт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста