Ба ҳолати 1 январи соли 2024 бақияи қарзи андоз 647,6 млн сомонӣ (ҳудуди 60 млн доллар)-ро ташкил медиҳад, хабар дод раиси Кумитаи андози назди ҳукумат Нусратулло Давлатзода зимни нишасти матбуотии рӯзи 14 феврал.
Ин нишондиҳанда ба гуфтаи ӯ, 67 млн сомонӣ камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 мебошад.
Давлатзода 10 қарздори калонтаринро номбар кард, ки аз нисф зиёди ҳаҷми умумии қарзҳо аз андоз (338,8 млн сомонӣ) ба онҳо рост меояд.
Калонтарин қарздорон инҳоянд:
- корхонаҳои зертобеи Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди ҳукумати Тоҷикистон – 83,8 млн сомонӣ;
- корхонаҳои зертобеи КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” - 73,2 млн сомонӣ;
- ҶСК «Шабакаҳои тақсимот» - 67,4 млн сомонӣ;
- ҶСК «Тоҷиктелеком» ва корхонаҳои зертобеи он - 37,8 млн сомонӣ;
- Кони ангишти «Зиддӣ» - 23,6 млн сомонӣ;
- ҶСК «Алюминсохтмон» - 20 млн сомонӣ;
- ҶСК «Ангишт» - 9 млн;
- ҶСК «Шабакаҳои интиқол» - 8,2 млн;
- ҶСК «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» - 8 млн сомонӣ;
- КВД «Хидматрасонӣ ба нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд» - 7,8 млн сомонӣ.
Тибқи маълумоти Кумитаи андоз, соли гузашта нисбати қарздорон оид ба маҷбурӣ рӯёнидани андозҳо ба маблағи зиёд аз 1,2 млрд сомонӣ қарорҳо қабул шудааст.
Феҳристи ягонаи шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ то 1 январи соли 2024 аз 350,3 ҳазор субъектҳои хоҷагидорӣ иборат аст, ки 10,1 ҳазор субъект зиёдтар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2023 мебошад.
“Фишоратон баланд нашавад” ва ё “мо ниёз ба кадрҳо дорем”. Ҳарфҳои берун аз матни паёми Эмомалӣ Раҳмон
Чаро духтари афғонистонӣ, ки аз шавҳараш шикоят мекард, аз Тоҷикистон ихроҷ шуд?
100% бештар аз соли гузашта. Барои баргузории 3 озмун аз фонди президент беш аз 23,5 млн сомонӣ маблағ ҷудо шуд
Рентаи содиротӣ барои сангҳои қиматбаҳо, ашёи хом ва пахта ду баробар гарон шуд
Ихроҷи муҳоҷирон аз Русия тибқи тартиби нав кай оғоз мегардад?
Расонаҳои амрикоӣ шахсияти нафареро, ки дар Ню-Орлеан бо мошин одамонро пахш кард, эълон намуданд
Имсол Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Соли нави 2025 паёми табрикӣ надод
Мақомоти Тоҷикистон маълумот доир ба як кон дар Помирро "ғайримахфӣ" карданд
Тоҷикистон мавқеи худро дар радабандии мунтахабҳои ҷудои ҷаҳон беҳтар кард
Рустами Эмомалӣ дастур дод, ки лифти биноҳои кӯҳнаи Душанберо нав кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста