Теъдоди шахсони расман ба сифати бекор сабиномшуда дар Тоҷикистон то аввали соли ҷорӣ 48,3 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Дар ин бора Агентии омори ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Ин нишондиҳанда 12,1% нисбат ба моҳи ноябр ва 9,7% камтар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли пешин аст.

Ба иттилои Агентӣ, миёни бекорони сабтиномшуда 46,3%-ашро занон ташкил медиҳанд.

Ҳиссаи бекорони расман сабтшуда дар теъдоди умумии шахсони коршоям 1,8%-ро ташкил додааст. Тибқи маълумоти Агентӣ, қууваи корӣ то оғози соли равон ҳудуди 2,7 млн нафарро ташкил додааст.

Қобили зикр аст, ки ин ҷо сари бекороне сухан меравад, ки дар воҳидҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат худро ба қайд гузоштаанд. Теъдоди воқеии бекорон дар кишвар метавонад бамаротиб зиёд бошад.

Бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба хотири дарёфти кори маошаш муносиб ҷумҳуриро тарк мекунанд. Самти асосӣ Русия боқӣ монда, тибқи маълумоти Вазорати меҳнат, дар ин кишвар тақрибан 600 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кор мекунанд. Аммо дар маълумоти омории Русия дар бораи зиёда аз 1 млн нафар чунин шаҳрвандони ҷумҳурӣ сухан меравад.

Бино ба маълумоти Агентии омор, музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон то охири соли гузашта ба 2381 сомонӣ (217 доллар) ва дар Русия тибқи маълумоти Росстат, ба 103 815 рубл (1146 доллар) баробар буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.