Ҳукумати Тоҷикистон бо як қарори худ дастур дод, ки сармояи оинномавии Ҷамъияти саҳомии кушода (ҶСК)-и “Барқи тоҷик” ба маблағи зиёд аз 282,4 млн сомонӣ (26 млн доллар) боло бурда шавад.

Дар санаде, ки дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи кишвар нашр шудааст, гуфта мешавад, афзоиши сармояи оинномавӣ “бо роҳи баровардани саҳмияҳои иловагӣ зиёд карда мешавад”.

Дар қарор зикр мешавад, ки сармояи оинномавии ташаккулёфта пас аз баровардани саҳмияҳои иловагӣ зиёда аз 14,5 млрд сомонӣ (1 млрд 330 млн доллар)-ро ташкил медиҳад.

Дар Оинномаа ҶСК “Барқи тоҷик”, ки моҳи январи соли 2023 аз ҷониби ҳукумат тасдиқ шуд, гуфта мешавад, сармояи оинномавии ширкат “метавонад бо роҳи афзоиши арзиши номиналии саҳмияҳо ё баровардани саҳмияҳои иловагӣ зиёд карда шавад”, лекин ба он “танҳо пас аз пардохти пурраи он иҷоза дода мешавад”.

Ба афзоиши сармояи оинномавӣ бо мақсади ҷуброни зарари ширкат ё пардохти қарзи муҳлаташ таъхирафтода иҷоза дода намешавад.

Дар санад таъкид мешавад, ки  сармояи оинномавии ширкат тавассути саҳмҳо дар шакли бино, иншоот, таҷҳизот ва дигар арзишҳои моддӣ, коғазҳои қиматнок, арзишҳои зеҳнӣ, инчунин дигар ҳуқуқҳои амволӣ, воситаҳои пулӣ ташаккул ёфта, арзиши ҳиссаҳо бо асъори миллӣ муайян карда мешавад.

Ёдрас мекунем, ки муассиси ҶСК “Барқи тоҷик” ҳукумати Тоҷикистон буда, бастаи пурра (100%)-и саҳмияҳои ширкат ба он тааллуқ дорад.

ҶСК “Барқи тоҷик” пас аз бозсозии сохтор (қаблан - ШСХК “Барқи тоҷик”) танҳо ба истеҳсоли неруи барқ ва гармӣ машғул буда, инчнуин вазифаи оператори бозори неруи барқро ба уҳда дорад. Дар доираи навсозии сохтор боз ду ширкати дигар таъсис дода шуданд, ки ба интиқолд ва тақсимоти барқ машғуланд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.