Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хатти барқи 63-километраи «Хоруғ-Қозидеҳ»-ро расман ифтитоҳ намуд, ки он ноҳияи Ишкошимро бо шабакаи барқии минтақавӣ бо иқтидори 110 кВ мепайвандад. Ҳамчунин раиси ҷумҳури кишвар 22 км хати интиқоли барқи 35 кВ-ро дар ноҳияи Ванҷ ифтитоҳ намуд. Ин сифат ва эътимоднокии таъмини нерӯи барқро барои ​​сокинони ноҳияҳои Ишкошим ва Ванҷ беҳтар мекунад.

Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ифтитоҳи ин иншоот афзуд: «Ҳукумати Тоҷикистон барои таъмини ҳар як деҳа бо нерӯи барқ, новобаста аз ҳаҷм ва дурии он талош мекунад. Дар тӯли 33 соли истиқлолияти миллӣ ба шарофати заҳматҳои беандозаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширкати «Помир Энерҷӣ», муассисони ин ширкат ва шарикони арҷманди рушд мо дар густариши шабакаи барқи вилоят ба комёбиҳои назаррас ноил гардидем. Имрӯз 98%-и аҳолии вилоят ба нерӯи барқ дастрасӣ доранд”.

Инфрасохтори мазкур дар чаҳорчӯби “Лоиҳаи барқикунонии деҳоти Тоҷикистон”, ки аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешавад, бомуваффақият анҷом ёфт. Дар илова ба хати интиқоли барқи 110кВ «Хоруғ-Қозидеҳ» ва хати 35 кВ дар ноҳияи Ванҷ, лоиҳа ба Ширкати «Помир Энерҷӣ» имкон дод, ки 27 маҳалли аҳолинишини дурдастро бо 4400 нафар аҳолӣ ба шабакаи минтақавӣ пайваст намояд. Ғайр аз ин, то охири соли 2025 боз 35 ҷамоати дурдаст бо шумораи умумии аҳолии 7600 нафар тавассути маҷмӯи иншоотҳои гидроэнергетикӣ, офтобӣ ва бодӣ ба нерӯи тоза ва боэътимод дастрасӣ пайдо мекунанд.


Озан Севимлӣ, роҳбари Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, изҳор намуд: “Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ бо ифтихор ҳамкориро бо Ҳукумати Тоҷикистон ва Ширкати «Помир Энерҷӣ» дар самти кушодани иқтидори пурраи энергияи тоза ва боэътимод барои тамоми мардуми ВМКБ идома медиҳад. Бо идомаи ин ҳамкорӣ, ӯҳдадории муштараки мо кафолат медиҳад, ки ҳатто дурдасттарин ҷамоатҳои вилоят нерӯи барқи зарурӣ дошта бошанд, ки ин боиси пешрафт ва некӯаҳволии тамоми минтақа мешавад.”

Амрихон Раимов, директори генералии Ширкати «Помир Энерҷӣ» гуфт: «Бо шарофати дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ, мо якҷоя кор карда истодаем, ки то соли 2025 2 фоизи боқимондаи аҳолии ВМКБ-ро бо нерӯи барқ ​​таъмин кунем».

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.