Нархи пиёз, як ғизои асосӣ барои хонаводаҳои Тоҷикистон назар ба як соли пеш 23,5% боло рафтааст. Агар нархи 1 кг он дар моҳи сентябри соли 2024 ба 2,6 сомонӣ баробар буд, ҳоло он дар бозорҳои кишвар 3 сомонӣ нарх дорад.

Болоравии нарх ба камбуд дар бозори дохилӣ, тағйирёбии мавсимӣ ва гароншавии арзиши хидматрасонии нақлиёт вобаста аст. Қиматшавии маводи сӯзишворӣ ва логистика иловатан нархи ниҳоиро барои истеъмолгарон зиёд кард.

Дар пасманзари болоравии нарх, ҷамъоварии он ҳам коҳиш ёфтааст. Дар 8 моҳи соли 2025 дар кишвар 500 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ шуд, ки 27,3% камтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад.

Бино ба маълумоти Оҷонсии омори Тоҷикистон, коҳиши ҳосил қариб дар ҳамаи минтақаҳои кишвар ба мушоҳида мерасад. Танҳо дар вилояти Суғд ҷамъоварӣ то 123 ҳазор тонна зиёд шуда, афзоиш 16,3%-ро ташкил додааст.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамагӣ 242 тонна пиёз ҷамъоварӣ шудааст, ки 10,1% камтар нисбат ба як соли пешин аст.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳосили пиёзи имсола 66 ҳазор тоннаро ташкил дода, нишондиҳандаи мазкур 20,1% камтар нисбат ба соли гузашта мебошад.

Коҳиши назаррас дар вилояти Хатлон ба қайд гирифта шуда, дар ин ҷо ҳаҷми ҳосил дар муқоиса бо соли гузашта 37,7% кам ва ҳудуди 311 ҳазор тоннаро ташкил додааст.

 

Сабабҳои камшавии ҳосил

Ба гуфтаи мутахассисону кишоварзон, омилҳои асосии коҳиши ҳосил, шароитҳои номусоиди иқлим ва кашавии майдони кишвар мебошанд. Ҳосили соли 2025 аз хушксоливу норасоии об, бахусус дар вилояти Хатлон, ки ба таври анъанавӣ ҳаҷми нисбатан бештари ҳосилро таъмин мекунад, осеби ҷиддӣ дид.

Акс аз МИҲД-и шаҳри Турсунзода

Коҳиши заминҳои кишти пиёз омили иловагӣ гардида, кишоварзон аз  кишти пиёз дар қисмате аз заминҳо бо сабаби фоидаовар набудан дар солҳои пешин ва болоравии арзиши тухмӣ, нуриҳои минералӣ ва маводи сӯзишворӣ даст кашиданд.

Бар асари бемориҳои растанӣ ва норасоии воситаҳои муҳофизат хавфҳои коҳиши ҳосил боз бештар шуданд.

Истифода нашудани технологияҳои муосир барои нигаҳдорӣ ва коркарди маҳсулот низ ба натиҷаи ниҳоӣ таъсири манфӣ гузошт.

 

Пиёзи Тоҷикистон мавқеашро дар бозори беруна аз даст медиҳад

Ҳаҷми содироти пиёз коҳиш ёфт. Тибқи маълумоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, дар 8 моҳи соли 2025 ҳамагӣ 4,7 ҳазор тонна пиёз ба хориҷи кишвар бароварда шудааст. Соли 2024 ҳаҷми содирот зиёда аз 29 ҳазор тонна ба маблағи 3,2 млн долларро ташкил дода буд.

Ин ба он вобаста аст, ки кишоварзон бештар ба бозори дохилӣ рӯ оварданд, зеро дар ин ҷо талабот ҳам зиёду нарх низ ҷолиб аст.
Акс аз МИҲД-и шаҳри Турсунзода

Рақобатпазиирии пиёзи истеҳсоли Тоҷикистон низ поин рафт: Ӯзбекистону Қазоқистон бо ҳаҷмҳои зиёди истеҳсол нархҳои нисбатан пасттар пешниҳод мекунанд. Ғайр аз ин, ба коҳиши содирот монеъаҳои тиҷоратӣ ва душвориҳои логистикӣ таъсир расониданд.

Дар мисоли пиёз метавон ба хулосае расид, ки бидуни дастгирии кишоварзон тариқи кумакпулӣ ва қарзҳои имтиёзнок, ҷорисозии технологияҳои захира ва коркард, инчунин дарёфти бозорҳои нави фурӯш, Тоҷикистон ба тағйирёбии мавсимии шароит ва хавфҳои иқлим вобаста боқӣ мемонад, ки мустақиман ба нархҳо ва амнияти озуқавории кишвар таъсир мерасонад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.