Содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба як қатор мушкилот рӯбарӯ аст, ки роҳ ёфтан ба бозорҳои байналмилалиро мушкил месозад. Биёед, 10 мушкили асосиро номбар ва роҳу воситаҳои ҳалли онҳоро баррасӣ намоем.

1. Ба Тоҷикистон марказҳои логистикии муосир зарур аст

Яке аз мушкилоти асосии деҳқонон ва содиркунандагони Тоҷикистон ҳамоно мавҷуд набудани инфрасохтори логистикии муосир – марказҳои бузурги тақсимоти молу маҳсулот, сардхонаҳо ва нақлиёти яхдондор мебошад.

Деҳқонон маҷбур мешаванд, ки ҳосилро дарҳол пас аз ҷамъоварӣ фурӯшанд, ки ин на танҳо даромадашонро кам мекунад, балки боиси талафот дар бозор мегардад, зеро бар асари аз ҳад зиёд шудани маҳсулот дар мавсим, нархҳо тез-тез поин мераванд.

Ҳамчунин имкониятҳои содироти маҳсулот дар муҳлатҳои пешбинишуда (оптималӣ) аз даст меравад.

Бунёди марказҳои логистикии муосир бо анборҳо ва системаҳои коркард ба беҳбуди вазъ кумак мекунад. “Вақте ки ба ҳаҷми таъминот назорат роҳандозӣ шавад, ин барои ба ҳадди камтарин расонидани талафот ва ба таври назаррас баланд бардоштани сифати маҳсулот мусоидат менамояд”, - мегӯяд соҳибкор Иброҳим Холматов.

Бино ба маълумоти омор, зимни ҷамъоварӣ ва нигаҳдории ҳосил сатҳи талафот дар Тоҷикистон баланд буда, мавҷуд набудани коркарди фаврӣ, бахусус дар минтақаҳои дурдаст, мустақиман ба талафоти зиёд дар саҳро оварда мерасонад.

“Муддати пухтани меваҳо кӯтоҳ буда, мавҷуд набудани системаҳои коркард дар наздикии маконҳои парвариши мева ва сабзавот ин мушкилро боз печидатар месозад. Барои зиёд кардани ҳаҷми истеҳсолот, таҷдиди комили тамоми занҷираи логистикӣ лозим аст”, - изҳор мекунад агроном Зоҳид Бекназаров.

Сохтмони Маркази савдо ва логистикаи Андархон
Сурат: хадамоти матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд

Ғайр аз ин, офатҳои табиӣ аз қабили хушксоливу обхезӣ, заминларза ва сӯхтори ҷангал ба ҳосил зиёни ҷиддӣ мерасонанд. Талафи зиёда аз 60% ангур дар соли 2023 бо сабаби сармо ба ин мисол шуда метавонад.

“Ҳатто чунин омилҳои экстремалӣ, ба мисли тағйири иқлим бозбинии равишу муносибат нисбат ба нигоҳдорӣ ва коркарди ҳосилро тақозо мекунанд”, – мегӯяд агроном.

Барои ҳалли ин мушкилот ҳукумати Тоҷикистон дар самти таъмиру навсозии соҳаи нақлиёт ва логистика, аз ҷумла сохтмони марказҳои нави логистикӣ ва маҷмааҳои анбор фаъолона тадбирҳо меандешад. Тибқи маълумоти Агентии содирот, ояндаи наздик бунёди якчанд марказҳои нави логистикӣ ва маҷмааҳои анбор бо масоҳати умумии зиёда аз 50 ҳазор метри муррабаъ бо шумули анборҳои ҳарораташ паст дар назар аст.

“Ин натанҳо ба беҳбуди таъминоти дохилӣ, балки тавсеъаи имконоти содиротии Тоҷикистон шароит фароҳам оварда, талафотро кам ва ҳаҷми интиқоли молу маҳсулотро ба бозори байнулмилалӣ зиёд мекунад”, - гуфт роҳбари Агентӣ Баҳриддин Сироҷиддинзода.

2. Хароҷоти баланди нақлиёт

Хароҷоти баланди нақлиёт яке аз монеаҳои ҷиддии содироти самараноки маҳсулоти Тоҷикистон боқӣ мемонад, ки рақобатпазирии онро дар бозорҳои ҷаҳонӣ паст мекунад. Тоҷикистон, ки ба баҳр роҳи баромад надорад, ба кишварҳо транзитӣ вобаста аст ва ин омил логистикаро мураккаб ва арзиши интиқолро боло мебарад.

Боркашонӣ тариқи роҳи оҳан - воситаи бештар арзон барои содирот
Сурат: Asia-Plus

“Инфрасохтори суст дар марзҳо ва мавҷуд набудани марказҳои логистикии муосир ба таъхирҳои доимӣ дар гузарогоҳҳои марзӣ боис гардида, вақти интиқол ва арзиши ҳамлу нақлро хеле зиёд мекунад”, – мегӯяд соҳибкор Азизбек Назриев.

Барои ҳалли ин мушкилот, ба ақидаи мутахассисон, ҷорисозии тадбирҳои мукаммали беҳбуди инфрасохтор ва бунёди механизмҳои самараноки транзит зарур аст. Ба гуфтаи мутахассисони Агентии содирот, рафъи монеаҳои марбут ба нақлиёт ва беҳбуди логистика ба Тоҷикистон ҷиҳати афзоиши назарраси содирот ва таҳкими робитаҳои иқтисодӣ бо бозорҳои байнулмилалӣ кумак карда, ин дар навбати худ ба рушди иқтисодии кишвар мусоидат хоҳад кард.

3. Монеаҳои гумрукӣ

Таъхирҳои интиқол, хусусан маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, мушкили рӯзмарра боқӣ мемонад. Коршиносон зикр мекунанд, ки расмиёти тӯлонии ҳуҷҷатгузорӣ, ки метавонад аз якчанд соат то якчанд рӯзро дар бар гирад, раванди онро хеле душвор месозад.

Ба ақидаи коршиносон, яке аз роҳҳои асосии ҳал кардани ин мушкилот худкор гардонидан (автоматӣ кардан) ва ҷорисозии “як равзана” мебошад.

Ба гуфтаи соҳибкор, Иброҳим Холматов, он ба коҳиши назарраси анҷоми расмиёти бор имкон дода, логистикаро беҳтар ва монеъаҳои маъмуриро кам мекунад.

Ғайр аз ин, барои афзоиши самаранокии савдо, пешниҳоди имтиёзҳо ба содиркунандагони боэътимод зарур аст. “Содиркунандагони боэътимод бояд шароитҳои махсус дошта бошанд, аз ҷумла тезтар гузаштан аз анҷоми расмиёти гумрукӣ, ки ба ҳавасманд сохтан ба содирот ва таҳкими робитаҳои иқтисодӣ бо дигар кишварҳо имкон медиҳад”, – мегӯяд мутахассис.

Содда кардани расмиёти гувоҳномадиҳӣ (сертификатсия) ва назорати маҳсулот аз иқдомҳои дигари муҳим арзёбӣ мешавад. Коршиносон бар ин назаранд, ки барои мувофиқ кардани меъёрҳо ва ягона кардани раванди гувоҳномадиҳӣ дар Осиёи Марказӣ, роҳандозии қоида ва талаботи ягона барои ҳамаи кишварҳои минтақа зарур аст.

Ҳамчунин як қадами муҳими дигар таъсиси «долонҳои сабз» барои маҳсулоти зуд вайроншаванда мебошад. “Долонҳои сабз” ва расмиёти соддашуда, аз ҷумла хатҳои махсуси ҳаракат барои чунин маҳсулот,  ба кӯтоҳ кардани вақти расонидани бор ва баланд бардоштани самаранокии умумии савдо ёрӣ мерасонад”, – мегӯянд мутахассисон.

Қатораи мошинҳои боркаш дар интизории гузашӣтан аз санҷиш дар гузаргоҳи “Дӯстӣ”
Сурат: Asia-Plus

Рушди ҳамкории минтақавӣ ва таъсиси гурӯҳҳои кории байниҳукуматӣ барои содда кардани савдо низ хеле муҳиманд.

Ҳамаи ин тадбирҳо дар маҷмӯъ метавонанд шароити содиркунандагони Тоҷикистонро ба таври назаррас беҳтар карда, рақобатпазирии маҳсулотро дар бозорҳои байналмилалӣ баланд бардоранд.

4. Номутобиқатӣ ба гувоҳномаҳои байнулмилалӣ ва маҳдудиятҳои логистикӣ

Яке аз мушкилот мавҷуд набудани гувоҳномаи байнулмилалӣ, аз ҷумла ISO, HACCP ва GlobalG.A.P. мебошад. Ин гувоҳномаҳо барои содироти маҳсулот ба Аврупо ва Ховари Миёна ҳатмӣ дониста мешаванд.

Ба гуфтаи мутахассисони Агентии содирот, барои ҳалли ин мушкилот дастгирӣ ва рушди системаи гувоҳномадиҳӣ ба маҳсулот, таъсиси озмоишгоҳҳо барои санҷиш лозим аст. Ҳамчунин деҳҳқонон бояд талаботи меъёрҳои байнулмилалиро фаъолона омӯзанд. Ин иқдом рақобатпазирии маҳсулоти Тоҷикистонро дар бозори ҷаҳонӣ боло мебарад.

5. Коркард - воситаи зиёдшавии фоида

Маҳдудияти имкониятҳои коркард Тоҷикистонро маҷбур месозад, ки ашёи хомро содир карда, сипас маҳсулоти коркардшуда ворид намояд. Ин хароҷотро зиёд ва даромадро кам карда, иқтисоди кишварро бештар ба тағйирот дар бозорҳои хориҷӣ осебпазир мекунад.

Корхонаи коркарди асал дар Ховалинг
Сурат: president.tj

Барои беҳбуди ин вазъият рушди коркард дар бозори дохилӣ, инчунин беҳбуди хатсайрҳои транзитӣ тавассути музокира бо кишварҳои ҳамсоя барои фароҳам сохтани шароити бештар фоидаовар барои интиқоли маҳсулот зарур мебошад.

Ғайр аз ин, мутахассисон ба зарурати ҷорӣ кардани абзорҳои молиявӣ, ки метавонанд содиркунандагонро дастгирӣ кунанд, ишора мекунанд. Тавсияҳо, аз ҷумла кумакпулӣ барои нақлиёт, имтиёзҳои андозӣ ва таъмин кардани қарзҳои дастрас ба имконоти истеҳсолкунандагон ҷиҳати роҳ ёфтан ба бозорҳои байнулмилалӣ бо маҳсулоти тайёр таъсири мусбат мерасонанд.

6. Доми қарз

Меъёрҳои баланди фоизи қарзҳо, ки аз 18 то 25%-и солонаро ташкил медиҳанд,  барои тиҷорати хурду миёна дар таъмиру навсозии истеҳсолот ва беҳтар кардани сифати маҳсулот мушкилоти ҷиддӣ эҷод мекунанд.

Ба гуфтаи соҳибкор Иброҳим Холматов, “фоизи баланди қарзҳо барои кишоварзон як доми ҳақиқӣ аз қарзро ба вуҷуд меоранд. Деҳқонон маҷбур мешаванд, ки қисми зиёди маблағҳои худро барои пардохти қарзҳо сарф карда, наметавонанд ба таҷдид ва навсозии технологӣ сармоягузорӣ кунанд. Ин ба паст шудани сифати маҳсулот ва дар ниҳояти кор, ба талафот дар бозорҳои хориҷӣ боис мегардад”.

Фермер Азизбек Назриев чунин зикр кард:

“Вақте барои гирифтани қарз гараву кафолатҳои зиёд лозим аст, бисёре аз кишоварзон наметавонанд ин талаботҳоро иҷро кунанд. Ин ба таври ҷиддӣ дастрасӣ ба маблағро маҳдуд карда, одатан деҳқононро аз раванди иқтисодӣ берун мегузорад”.
Қарзҳои Бонки байналмилалии Тоҷикистон барои бахши кишоварзӣ яке аз пасттаринҳо аст. Дар бисёре аз бонкҳо он зиёда аз 30%-ро ташкил медиҳад

Барои кишоварзон фоизҳои баланд ва шароити сахти қарздиҳӣ як бори молиявии вазнин мешаванд, ки арзиши маҳсулотро баланд ва онро барои харидорони хориҷӣ камтар ҷолиб мекунад. Бисёр вақт деҳқонон маҷбур мешаванд, ки маблағҳои худро барои пардохти фоизҳои қарз сарф кунанд, на барои рушди тиҷорат.

“Ва бидуни таҷдиди истеҳсолот, ба рақобат дар бозорҳои байналмилалӣ умедвор шудан душвор аст”, – мегӯяд агроном Зоҳид Бекназаров.

Яке аз роҳҳои ҳалли имконпазири мушкилот метавонад ҷорисозии барномаҳои қарздиҳии имтиёзнок бошад, ки ба соҳаи кишоварзӣ нигаронида шудаанд.

Ғайр аз ин, таъсиси фондҳои кафолатнок ба беҳбуди дастрасии корхонаҳои кишоварзӣ ба ба воситаҳои молиявӣ имкон дода, метавонанд як қисме аз хавфҳо барои бонкҳоро рӯйпӯш созанд.

Ҳамчунин баррасии имконияти пешниҳод кардани кумакпулиҳои давлатӣ барои маҳсулоти содиротӣ мувофиқи мақсад аст.

Барои кишварҳое, ки мехоҳанд содиротро рушд диҳанд, чунин тадбирҳо метавонанд рақобатпазирии маҳсулоти маҳаллиро ба таври назаррас баланд бадошта, ба беҳтар кардани сифати он мусоидат кунанд. Ин ба кишоварзон ҷиҳати роҳ ёфтан ба бозорҳои байнулмилалӣ шароит фароҳам меорад.

7. Гуногунсамт кардани содирот

Иқтисоди Тоҷикистон аз содирот ба кишварҳои ИДМ вобастагии зиёд дорад, ки онро ба тағйироти дархост ва шароити савдо осебпазир мекунад.

Яке аз роҳҳои ҳалли ин масъала гуногунсамт кардан (диверсификатсия)-и содироти маҳсулот ба Чин, Туркия ва кишварҳои Халиҷи Форс мебошад. Аммо барои тавсеаи муваффақонаи савдои хориҷӣ ҳалли чанд мушкили калидӣ зарур аст.

Ба ақидаи роҳбари Агентии содирот Баҳриддин Сироҷиддинзода, бисёре аз ширкатҳои содиркунандаи Тоҷикистон маҳсулоти худро тавассути кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО, ЕАЭС) интиқол медиҳанд, то пардохти боҷи гумрукӣ камтар шавад. Вале ин боис мегардад, ки маҳсулот ҳамчун моли кишварҳои дигар сабт шавад, ки дар навбати худ ба пешбурди тамға (бренд)-и Тоҷикистон дар бозори байналмилалӣ халал мерасонад.

Коркарди ғайримуассир ва бастабандии номувофиқи маҳсулот низ рақобатпазирии онро коҳиш медиҳад. Мавҷуд набудани ҳалли муосири бастабандӣ ва номутоббиқатӣ ба гувоҳномаҳои меъёрҳои байнулилалӣ, аз қабили Иттиҳоди Аврупо ва Ҳалол, имкониятҳои ворид шудан ба бозорҳои Ховари Миёна ва Аврупоро маҳдуд мекунад.

Барои рафъи ин мушкил тавсия дода мешавад, ки долонҳои нақлиётӣ васеъ карда шуда, хатҳои роҳи оҳан сохта шаванд, то ки Тоҷикистонро бо бозорҳои нав пайваст кунанд.

Сурат аз e-cis.info

8. Монеаҳои фитосанитарӣ

Фарқиятҳо дар меъёрҳои карантинӣ ва фитосанитарии кишварҳои гуногун фаъолияти истеҳсолкунандагони маҳаллиро душвор мегардонанд. Ҳамоҳанг нашудани меъёр ва озмоишгоҳҳои сабтшуда ба бозгардонидани маҳсулот ё таъхири интиқоли он дар марз боис мегардад. Илова бар ин, расмиёти мураккаби гувоҳномадиҳӣ низ мушкилот эҷод мекунанд.

Барои ҳалли ин мушкилот муносибати ҳамаҷониба лозим аст. Таъсиси озмоишгоҳҳои сабтшуда лозим аст, то ки сифати маҳсулот саривақт мавриди санҷиш қарор гирифта, гувоҳномаҳои фитосанитарии байналмилалӣ дарёфт шаванд.

Ҳамоҳангсозии меъёрҳо бо шарикони савдо эътирофи байналмилалии гувоҳномаҳои Тоҷикистонро дар хориҷа осон намуда, ҷорисозии гувоҳномаҳои рақамии фитосанитарӣ ба зудтар гузаштан аз санҷиши гумрук имкон медиҳад.

Дастгирии деҳқонон ва ширкатҳои содиркунанда тавассути ҷудо намудани кумакпулиҳо барои гувоҳнома додан ва ҳалли масъалаи бастабандӣ ба баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулот мусоидат хоҳад кард.

9. Ҳавасмандӣ кам аст

Барои ҳавасмандсозии содирот аз имсол ба беҳтарин содиркунандагон сарфи назар аз шакли моликият, мукофотҳои давлатӣ дода мешаванд.

Охири моҳи январи соли 2025 дар Душанбе маросими тақдими мукофот ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин содиркунандаи Тоҷикистон” баргузор гардида, 51 ширкат ғолиб дониста шуд.

Боғи анор
Сурат: Asia-Plus

Озмун аз ҷониби Агентии содирот дар ҳамдастӣ бо Вазорату идораҳои марбута ва шарикони рушд роҳандозӣ шуд.

Ҳадаф аз чорабинӣ дарёфти содиркунандагони боэътимод, рушди содирот ва тақвияти истеҳсолот барои содирот унвон шуд. Ҳамчунин таъкид шуд, ки таъсиси корхонаҳои нав, ки аз ашёи хоми маҳаллӣ истифода мебаранд ва технологияҳои муосирро ҷорӣ намуда, ҷойҳои нави корӣ фароҳам меранд, низ муҳим аст.

Лекин ба гуфтаи коршиносон, ин тадбирҳо кофӣ нестанд. Барои ҳавасмандсозии содиркунандагон тадбирҳои иловагӣ ва бештар муассир заруранд.

10. Ташкили бренди миллӣ

Тавре ки дар боло гуфтем, бисёре аз маҳсулоти Тоҷикистон дар бозорҳои байнулмилалӣ ба сифати маҳсулоти дигар кишварҳо ба қайд гирифта мешаванд, ки ба шинохти онҳо таъсири манфӣ расонида, мавқеъҳои рақобатпазирии онҳоро паст мекунад.

Сабаби аслии ин мавҷуд набудани тамға (бренд)-и миллӣ, инчунин як қатор мушкилоти логистикӣ аст, ки ба содироти мустақим бо тамғаи Тоҷикистон халал мерасонанд.

Ҷорисозии меъёрҳои байнулмилалии сифат ва рушди ситеимаи гувоҳномадиҳӣ эътимоди харидорони хориҷиро боло мебарад.

Муарифии маҳсулоти Тоҷикистон дар намоишгоҳҳои байнулмилалӣ шинохти онҳоро хубтар карда, рақамисозии равандҳои содирот тавассути платформаҳои онлайн ва низоми «Равзанаи ягона» дастрасиро ба бозорҳои хориҷӣ осонтар месозад.

Ба ин тариқ, рушди тамғаи ягонаи миллӣ ҳамроҳ бо рафъи маҳдудиятҳои логистикӣ омили муҳимтарин барои таҳкими мавқеи маҳсулоти Тоҷикистон дар бозори ҷаҳонӣ хоҳад шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.