Ягона мағозаи калони китобфурӯшӣ дар шаҳри Хуҷанд - “Ганҷина” барҳам хӯрд. Ба ҷои он чӣ мешавад, ҳоло маълум нест. “Ганҷина” ягона мағозаи калони китоб дар маркази вилояти Суғд буд, ки 18 шаҳру навоҳии вилоятро бо китоб таъмин мекард.

Саидҷон Амонов, соҳиби мағозаи китоб аз 200 доллар (беш аз 2100 сомонӣ) ба 1200 доллар (ҳудуди 13 ҳазор сомонӣ) баланд кардани нархи иҷора маҷбур шуд мағозаро холӣ карда, ба соҳибмулкаш супорад.

“Аз соли 2008, аз рӯзе ки ин бино кушода шуд мо фаъолият мекардем. Ҳар моҳ андози давлатро саривақт медодам ва барои иҷораи мағоза ҳар моҳ 200 доллари  ИМА мепардохтам. Аммо соҳиби бино ин маконро фурухт ва соҳибмулки нав барои 50 квадрат дар як моҳ 1200 доллар талаб кард. Дар як моҳ 1200 доллар савдо намешавад…”-афзуд Амонов.

Хабарнигори “Азия-Плюс” имрӯз, 5-уми марти соли 2025 аз мағозаи “Ганҷина” дидан кард. Рафҳои аз китоб холӣ, даста-даста китобҳои дар фарш хобида, навиштаҷоту овезаҳо ҳарҷо парешон буд. Манзарае ки баробари соҳиби китобхона ҳар нафари воридшударо муассиру ғамнок мекард.

1/11

Ин мағозаи китоб дар паҳлӯи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷойгир буд ва баробари дигар сокинони китобдӯст, донишҷӯёну устодони ин даргоҳ низ аз ин дӯкони китоб фаровон истифода мебуранд. 

Баста шудани дари мағозаи китоб дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам норозигиҳоро ба миён овардааст. Гурӯҳе аз Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва дигар масъулини соҳа хостанд, ки ба барҳамхурии ягона мағозаи  китоб дар Хуҷанд иҷоза надиҳанд.

Вале Саидҷон Амонов ба “Азия-Плюс” гуфт, ин ҳама норозигиҳо, ки як моҳ боз дар шабакаҳои иҷтимоӣ идома дорад, ба ӯ кумак накард, то дӯконашро ҳифз кунад.

“Худам мушкилотро ба сардори Раёсати фарҳанги вилоят гуфтам, аммо дар посух гуфт, ки соҳибмулк соҳиби мулк аст, чи қароре дуруст шуморад мекунад, мо ба кори ӯ дахолат карда наметавонем”, - гуфт Аминов.

Ӯ гуфт, баъди ин посухро шунидан дигар талош накард, ки ба дигар ниҳодҳо муроҷиат кунед.

Имрӯз Саидҷон Амонов аз ноилоҷӣ мағозаро пурра холӣ мекунад ва беш аз 10 ҳазор китобро ба як мағозае, ки ҳамагӣ 12 квадратро ташкил медиҳад ба маркази “Ҳоҷӣ-Абдулазиз”-и бозори Панҷшанбе ҷойгир мекунад.

Суҳроб Ниёзов, соҳибмулки нави бино, ки нархи иҷораро зиёд кардааст, нахост дар ин робита бо мо суҳбат кунад.

Баста шудани ягона мағозаи калони китобфурӯшӣ дар ҳолест, ки солҳои охир роҳбарияти олии кишвар ба тарғиби китобхона як қатор тасмимҳо амалӣ мекунанд.  Аз ҷумла,  чанд сол аст дар кишвар озмуни ҷумҳуриявии  «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор крада мешавад, ки мақсади он ташвиқ ба китобхонӣ ва рушди маърифати наврасону ҷавонон ва аҳолӣ гуфта мешавад. Ин озмун бо ибтикори Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон аз соли 2019 оғоз гардида, ҳамасола бо ҳавасмандии боз ҳам бештари иштирокчиён ҷамъбаст мегардад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.