Имрӯз Нуриддин Қаршибоев, яке аз чеҳраҳои намоёни рӯзноманигории тоҷик ва ҳомии ҳуқуқи рӯзноманигорон 65-сола шуд. Дар давоми фаъолияти худ ӯ ба яке аз шахсиятҳои калидӣ дар ҳифзи озодии баён дар Тоҷикистон табдил ёфтааст. Ҳарфҳо, назарҳо ва таҳлилҳои мавсуф дар тӯли ин солҳо собит месозанд, ки ӯ умри хешро барои ҳифзи озодии баён ва дифоъ аз ҳуқуқи ҳамкасбонаш бахшидааст.

Нуриддин Қаршибоев муассиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) аст. Дар тӯли 25 соли ахир ӯ роҳбарии ин созмонро ба уҳда дорад ва дар ташаккули фазои озоди рӯзноманигорӣ дар Тоҷикистон нақши муҳим бозидааст.

Дар рӯзи мавлудаш дар бораи ҳаёти имрӯзааш пурсон шудем, вале ӯ онро ба фаъолияти касбиаш пайванд дод. Ӯ дар сӯҳбати кӯтоҳе бо “Азия-Плюс” гуфт, ки имрӯз ҳам барои дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорони зиндонишудаи тоҷик талош дорад.

Воқеан, Нуриддин Қаршибоев замоне ба кори журналистӣ машғул будаву дар ин самт муваффақиятҳоеро ҳам соҳиб шудааст. Ӯ дар “Ховар” - ягона хабаргузории вақт, ки давлатӣ буд, ба ҳайси яке аз роҳбаронаш кор кардааст.

Ӯ яке аз он шахсиятҳоест, ки наметавон ӯро берун аз кори журналистика ва ҳифзи озодии баён тасаввур кард. Ӯ борҳо дар чорабиниҳои дохилӣ ва хориҷӣ аз номи ҷомеаи рӯзноманигорӣ суханронӣ карда, ҳамеша кӯшидааст, ки мавқеи мустақили расонаҳоро ҳифз намояд. Инчунин, ӯ бо таҳлилҳо ва баёнияҳои худ дар ҷустуҷӯи роҳҳои беҳтар кардани вазъи расонаҳо дар кишвар аст.

Аммо эътироф бояд кард: Қаршибоевро дар ҷомеаи журналистӣ ва берун аз он чун охирин пуштибони журналистон мешиносанд.


Дарвоқеъ, перомуни рӯзгор, андешаву афкор ва раванди зиндагии Нуриддин Қаршибоев дар интернет бисёр кам маълумот ҳаст. Ӯ дар бораи вазъи озодии баён, монеаҳои касбии рӯзноманигорон, дифоъ аз ҳуқуқи ҳамкасбон бисёр мусоҳиба додаву мавқеи худ ва анҷуманашро баён кардааст, вале зиндагиашро пушти фаъолияти касбиаш гузоштааст.

Мо ба ифтихори 65-солагии Нуриддин Қаршибоев бо истифода аз мусоҳибаҳо, назару гуфтаҳояш талош кардем, ки қонунҳои зиндагии мавсуфро маълум созем.

 

“Ман”-и Нуриддин Қаршибоев

- Ман табиатан оптимист ҳастам - хушбин.

- Аз пайи пулу молу сарват ҳеч гоҳ надавидаам. Бо нони меҳнатӣ тарбият ёфтаам. Падарам, ҳарчанд маълумоташон олӣ буд, вале оҳангар буданд. Бо нони ҳалоли оҳангарӣ бузург шудаам.

- Мегӯянд, ки гумон имонро бурдааст. То он замоне ки ман ба чашми худ намебинам ва шоҳид нестам, касеро гунаҳкор кардан намехоҳам.

- Ман дар давоми 25 соли корам ҳамчун раиси Анҷуман маош нагирифтаам. Барои коре, ки ҳамчун коршинос, ҳамчун роҳбари лоиҳа, барномарез кор мекунам, аз ҳамин ҳисоб маош мегирам.

- Табиати рӯзноманигорӣ ин худ як озодипарастӣ аст. Яъне, озод будан имконият медиҳад, ки фикри худро озод баён кунӣ, танқид ё таъриф кунӣ.

 

Нуриддин Қаршибоев бо Акбари Саттор, раиси пешини Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

Дар бораи Анҷуман ва вазифаҳои он

- Вақте анҷуманро таъсис додем, як қавли ман ба ҳамкасбонам ин буд, ки ман расонаи худро таъсис намедиҳам. Зеро мавқеъҳои мо гуногун буданд, агар ман расонаи худро медоштаму ба кори он диққат медодам, он имкониятҳои ёрӣ додан ба рӯзноманигорони мустақил маҳдудтар мешуд. Ин аз рӯйи инсоф намебуд. Аз ин рӯ, аз баҳри хабаргузорӣ ҳам баромадам ва барои доштани расонаи мустақил талош ҳам накардам.

- [Роҳи тайкардаи Анҷуман] ҳамвор набуд, шебу фарозҳои зиёд дошт. Вазифаи аслии мо, ҳам ба ҷомеаи рӯзноманигорӣ ва ҳам ба мақомоти давлатӣ, аҳамияти ҳузури расонаҳои мустақил, ҳуқуқ ба озодии баён доштани мардуми ин кишварро расондан аст, то ноогоҳона ба нақзи ҳуқуқи мову шумо даст назананд. Дар сурате ки онҳо дидаву дониста ин корро анҷом медиҳанд, мавқеи мо ин аст, ки бояд дар Тоҷикистон волоияти қонун таъмин бошад. Яъне, чизе ки қонун муайян кардааст, ҳам аз ҷониби рӯзноманигорон ва ҳам аз ҷониби мансабдорони давлатӣ бояд риоя шавад.

- Шиори созмони мо ҳамин аст, ки агар дар Тоҷикистон як журналисти содиқ ба журналистикаи босифат ва арзишҳои демократӣ аст, мо дар паҳлӯи он қарор дорем.

- Вақте вокуниши журналистони ҳамсоли худам, журналистони калонсол, миёнсол ва ҷавонро нисбат ба он фаъолияте, ки мо дорем, мебинам, ростӣ гап бароям аз як ҷиҳат хуб бошад, аз сӯйи дигар чизҳои зиёдеро менависаму мегирам, то дар оянда ба ин чизҳо диққат диҳам.

 


Дар бораи рӯзноманигорону расонаҳои мустақил

- Сарфи назар аз камбудҳое, ки доранд, расонаҳо дар миллатсозиву давлатсозӣ саҳми мусбат доранд. Ҳатто таҳлил, танқидҳое, ки ба табъи мансабдорон намефорад, ин ҳам ба манфиати ҷоммеа аст. Тафаккури интиқодиро дар ҷомеа паҳн кардан яке аз рисолатҳои рӯзноманигор аст, ки одам пеш аз эътиқод пайдо кардан ба ин ё он чизе бояд онро таҳлил кунад.

- Дар ҳар давру ҳар замон матбуот дар хидмати гурӯҳҳое қарор дошт. Феълан низ чунин вазъ мушоҳида мешавад. Вале расонаҳои мустақил аҳдофе, ки барои худ гузоштаанд, иҷро мекунанд. Ва дар ин ҷода онҳо манофеи ҷомеаро аслӣ медонанд.

- Сарфи назар кардан аз рисолати расонаҳои мустақил дар ҷомеа имконнопазир аст. Тоҷикистон, ки худро ҳамчун давлати демократӣ эълон доштааст, бояд дар ин кишвар расонаҳо ва рӯзноманигорони мустақил фаъол бошанд.

- Яке аз дастовардҳои мақомоти махсуси Тоҷикистон пас аз соли 2015 тухми нобоварӣ коштан миёни журналистон буд. Маҳз бо ҳамин сабаб ҳамрайъии касбиро мо таъмин карда наметавонем.

- Соҳибрасонаҳои мо, ҳарчанд аксари онҳо аз ҷомеаи рӯзноманигорӣ бархостаанд, заҳмати ҳамкасби худашонро қадр карда наметавонанд. Яъне, подоши меҳнати вайро сазовор пардохт карда наметавонанд.

 

Нуриддин Қаршибоев бо Умед Бобохонов, роҳбари Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс"

Дар бораи боздошти ҳамкасбон

- Дар баробари муваффақият, мо маҳрумиятҳои зиёд ҳам дидем. Дар баробари он ки дастамон ба кумаки ҳамкасбонамон расид, дар баъзе ҳолатҳо натавонистем, ба онҳо воқеан ёрӣ расонем. Албатта, ин сабабҳои объективию субъективӣ дошт...

- Солҳои охир сарфи назар аз он ки иқдом кардем ба рӯзноманигорони мустақил, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ кумак расонем, вале меҳнати мо барабас рафт. Яъне, хоҳ нохоҳ онҳо ба муҷозот кашида шуданд, вале суолҳои зиёде ҳастанд, ки ин қазияҳо то куҷо шаффоф баргузор шуданду дар доираи қонун баррасӣ шуданд.

- Омилҳои гуногуне аст, ки ба рушди расонаҳои мустақил таъсир мекунад. Агар як омил вазъи иҷтимоиву сиёсӣ бошад, омили дигар молӣ аст.

- Мутмаинам, ки ягон журналисти боақл нияте ҳам надорад, ки хилофи манфиатҳои миллату давлат кор кунад. Он иттиҳоме, ки насбат ба баъзе ҳамкасбони мо доштанду доранд, ин ҳама бештар ғаразҳои сиёсӣ дорад.

- Дар таҷрибаи мо ин ҳам буд, ки вақте як вазири собиқ журналистонро ба хиёнат муттаҳам кард, ба суд муроҷиат кардем. Суд як сол зиёд тӯл кашид. Ниҳоят худи вазир пешниҳод кард, ки ман саҳван, сари эҳсосот ҳамин гапро гуфтаму биёед ба як мусолиҳа биёем. Вақте журналистро ба гуноҳҳое чун хиёнат муттаҳам мекунанд, бояд худаш ҳам иқдоме пеш гирад, даъво кунад.

- Вазъи имрӯз вазъест мутташанниҷ, пешгӯинашаванда ва хатарнок барои ашхосе, ки рисолати касбии худро содиқона иҷро мекунанд.

- Мутаассифона, имрӯз мо наметавонем, ки ба шароити кору фаъолияти рӯзноманигорон дар Тоҷикистон баҳои мусбат диҳем. Бӯҳроне, ки аз соли 2015 сар шуд, то ҳол идома дорад.

 


Дар бораи сиёсат, демократия ва озодии баён

- Барои рафъи мушкилоти озодии баён ҳамкориву ҳамоҳангсозии мақомоти ҳокимияти давлатӣ бо воситаҳои ахбори омма хеле зарур аст, вагарна оқибатҳои нохушро дар пай хоҳад дошт.

- Мутаассифона, дар Тоҷикистон на фақат мақомоти босалоҳият дар самти ВАО, яъне Вазорати фарҳанг, балки дигар мақомот, мисли мақомоти амниятӣ низ мехоҳанд, ба кори рӯзноманигорон дахолат кунанд. Бо баҳонаи мубориза бо терроризм бештар дастрасӣ ба иттилоот маҳдуд карда мешавад.

- Тоҷикистон узви ҷомеаи байналмилалист ва бояд меъёрҳои байналмилалие, ки дар самти озодии баён вуҷуд дорад, эътироф ва риоя кунад. Давлатдорӣ қоидаи худро дорад ва давлате, ки ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ фаъолият мекунад, имкон надорад, ки тавсияҳои як созмонеро, ки узваш ҳаст, иҷро накунад. Дар сурати сарфи назар кардан аз санаду меъёрҳои байналмилалӣ имиҷи кишвар зарар мебинад ва ҳам роҳҳои дигар ҳаст, ки созмонҳо аз пешбурди барномаҳое барои рушди кишвар муосидат нахоҳанд кард.

- Қонунгузории Тоҷикистон бад нест, агар он чи дар қонун аст, татбиқ шавад.

- Расона (манзур расонаи мустақил) набояд ба ин ё он гурӯҳи сиёсӣ робита дошта бошад.

- Мо медонем, ки шамол аз кадом сӯ мевазад ва кадом хатарҳо мавҷуданд.

- Шароите, ки дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ вуҷуд дорад, шароитест, ки ба журналистон таъсири манфии равонӣ мерасонад. Рӯзноманигоре, ки мехоҳад рисолати худро иҷро кунад, аз як ҷониб барояш маҳдудиятҳои ҳуқуқӣ эҷод мекунанд, аз ҷониби дигар таъқиб мешавад, аз тарафи дигар дар ҳолати стресс қарор доранд. Аз ин рӯ, онҳо ба кумакҳои ҳуқуқӣ ва равонӣ ниёз доранд.

- Дар шахсияти хабарнигорон ҷосуҳо ҷустуҷӯ карданро бояд хотима дод.

 

Нуриддин Қаршибоев бо Хуршед Атовулло, роҳбари Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ва Бахтиёр Ҳамдамов, журналист ва муҳаққиқи тоҷик

Нуриддин Қаршибоев дар шинохти дигарон

Хуршед Атовулло, роҳбари МТЖТ, рӯзноманигор: Нуриддин Қаршибоев нафарест, ки метавон бо ӯ ба майдони ҷанг рафт, нафарест, ки боре мавқеашро вобаста ба журналистика дигар накардааст, нафарест, ки ҳамеша кӯшидааст, то обрӯи журналистикаи тоҷикро бардорад, нафарест ки дар ягон қазия хомӯш набудааст.

Неъмати Неъматзода, рӯзноманигор, ҳамкурс: Нуруддин Қаршибоев яке аз намояндагони созмонҳои расонаии кишвар аст, ки зиёд ба хориҷа сафар мекунад. Бар он боварманд аст, ки ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз кишвар берун меравад, хоҳ бо ҳадафи маъмурият бошаду хоҳ ба хотири муҳоҷирати корӣ, нақши фиристода ва сафири тоҷикро дорад. Зеро ҳар касе бо онҳо бархӯрд мекунад, кишвару миллатамонро аз рӯи рафтору кирдори онҳо баҳо медиҳанд. Хушбахтона, Нуриддин Қаршибоев ҳамеша ва дар ҳар гӯшаи дунё кишвару миллати моро чун симои мусбат ва дархури эҳтиром муаррифӣ кардааст.

Тилав Расулзода, рӯзноманигор: Нуриддин Қаршибоев чун писари оҳангар, ҳунарманде, ки аз оҳан табару тешаву досу каланду путку шамшер месозад, як шахси заҳматкашу хоксору ботамкин, дар дӯстӣ устувор аст. Барояш мафҳуми маҳал вуҷуд надорад. Бо ҳама ҳамкорону дӯстону рафиқону шогирдон бархӯрди яксон, мутавозин ва эҷодиву корӣ дорад.

Яке аз бартариятҳо, афзалиятҳо ва вижагиҳои Нуриддин Қаршибоев ба тафовут аз дигарон дар он аст, ки ӯ ҳамеша дар ҳама ҷо, дар ҳама маврид, ҳангоми омода кардани гузоришҳо, мақолаҳо ва матни суханрониҳо пеш аз ҳама манфиатҳои миллиро дар қадами аввал мегузоранд.

Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” муассис ва роҳбари Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон Нуриддин Қаршибоевро ба ҷашни 65-солагиаш таҳният гуфта, барояш тани сиҳат, хотири ҷамъ ва дили беғам таманно дорад.