Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки ҷашни Тиргон ба Феҳристи рӯзҳои ид дар ҷумҳурӣ шомил карда шавад. Иловаи дахлдор дар ин бора ба қонун “Дар бораи рӯзҳои ид” қаблан аз ҷониби палатаи поёнии парлумон қабул шуда, онро палатаи болии парлумон маъқул донист.
Ҳамасола ҷашн гирифтани Иди Тиргон дар Тоҷикистон рӯзи 1 июл муқаррар карда шудааст.
Айни замон Феҳрист аз 93 рӯзи ид иборат аст, ки рӯзҳои зерин ғайрикорӣ, яъне истироҳат мебошанд:
- 1 январ – Соли нави мелодӣ;
- 8 март – Рӯзи Модар;
- 21-24 март – Ҷашни байнулмилалии Наврӯз;
- 9 май – Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ;
- 27 июн – Рӯзи Ваҳдати миллӣ;
- 9 сентябр – Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон;
- 6 ноябр – Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон;
- Рӯзи Иди Рамазон (ҳамасола аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба умури дин муқаррар карда мешавад);
- Рӯзи Иди Қурбон (ҳамасола аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба умури дин муқаррар карда мешавад).
Қобили зикр аст, ки Иди Тиргон бо супориши раҳбарияти кишвар дубора эҳё гардида, шурӯъ аз соли 2023 ҷашн гирифта мешавад.
Соли 2023 бори нахуст ҷашни эҳёшуда дар Тоҷикистон баргузор гардида, ба ин муносибат ҷашнвораи зардолу ва намоишгоҳи хушкмева гузаронида шуд. Имсол он чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад, ҳоло маълум нест.
Тиргон дар радифи ҷашнҳои Сада, Наврӯз ва Меҳргон ҷашни мавсимии кишоварзон буда, ба обу замин ва ҷамъ овардани ҳосили зироат робитаи мустақим дорад.
Тиргон яке аз ҷашнҳои мардумони ориёитабор мебошад, ки онро дар гузашта рӯзи сенздаҳуми моҳи тир баргузор мекарданд ва ҷашн нуҳ рӯз таҷлил мешуд. Аз ин чашн маросиму одатҳое боқӣ мондаанд, ки дар баъзе аз деҳоти минтақаҳои мухталифи сукунати қавмҳои ориёӣ риоя ва баргузор мегардиданд.
Тибқи суннатҳои Тиргон, айёми таҷлили он мардум хонаҳоро об пошида, покиза мекарданд, либоси тозаи сафед мепӯшиданд, гандуми ҳосили навро орд карда, нону таомҳои гуногун мепухтанд, дастархони идонаи худро бо анвои нону меваҷот оро медоданд, дар бозорҳо беҳтарин навъҳои маҳсулоташонро ба намоиш мегузоштанд ва аз маҳсули заҳмати хеш меболиданду сарҷамъона хурсандӣ мекарданд.
Сабти номи довталабон дар ММТ барои ширкат дар имтиҳони дохилшавӣ оғоз шуд. Довталаб бояд чиро донад?
Вазорати рушди иқтисод мегӯяд, 42% аҳолии кишвар ба синфи миёна шомиланд
Чӣ тавр тоҷикон дар деҳот аз нерӯи офтоб истифода мебаранд?
Ягона мағозаи калони китобфурӯшӣ дар шаҳри Хуҷанд барҳам хӯрд
Дар фурудгоҳи Душанбе бо муҳоҷирон доир ба терроризму ифротгароӣ суҳбат гузаронида шуд
Пуштибони журналистон. Нуриддин Қаршибоев 65-сола шуд
Як Эътилофи байналмилалӣ аз мақомоти Тоҷикистон озодии Рухшона Ҳакимоваро хост
Олам гулистон мешуд, агар дар Тоҷикистон ба мутахассисон ва деҳқонон гӯш медоданд…
Озмун барои дарёфти ҷоизаи Рустами Эмомалӣ дар соли 2025 эълон шуд
Боз як баҳс барои тақдими хона ба зодаи Тоҷикистон дар Русия
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста