Департаменти Коммиссияи Аврупо оид
ба расондани
кӯмаки башардӯстона (
ECHO
) ва Фонди Оғохони Британияи Кабир шартномаро оиди амалӣ намудани барномаи панҷуми омодагӣ ба хавфу хатарро дар Тоҷикистон дар чорчӯбаи барномаи ДИПЕКО имзо намуданд.
Барномаи мазкур таҳти унвони «Тайёр намудани ҷомеаи устувор нисбати ҳолатҳои фавқулодда дар минтақаҳои дурдасти кӯҳистон» аз тарафи ташкилоти Фокус Кӯмаки Башардӯстона (ФОКУС) дар Тоҷикистон иҷро карда мешавад. Ин созишномаи панҷум байни ECHO ва Фонди Оғохони Британияи Кабир буда, ба пуштибонӣ аз стратегияе равона гардидааст, ки ба ҷамоатҳо ва муассисаҳои маҳаллӣ имкон медиҳад, ба офатҳои табиӣ беҳтар омода шаванд, ба онҳо сари вақт посух диҳанд ва оқибатҳои ин офатҳоро коҳиш диҳанд.
Тавассути фаъолиятҳои баланд бардоштани дониш оиди омодагирӣ ба офатҳои табиӣ ва гузарондани дарсҳои омӯзишӣ, барномаи мазкур қобилияти ҷомеаро дар бартараф намудани офатҳои табиӣ ва посух ба онро пурзӯр мегардонад. Ҳамин тавр, ин барнома устувории ҷомеаро нисбати офатҳои табиӣ баланд мекунад ва осебпазирии онро коҳиш медиҳад. Аз соли 2003 инҷониб, ФОКУС дар асоси ҳамкорӣ бо
ECHO
ва Фонди Оғохони Британияи Кабир корҳои назаррасеро дар масоили коҳиш додани хавфу хатар дар зиёда аз 250 деҳа гузаронда, фаъолиятҳои баланд бардоштани қобилияти муассисаҳое, ки ба идора кардани офатҳои табиӣ сару кор доранд, амалӣ намуд.
Эзоҳ
:
Фокус Кӯмаки Башардӯстона ташкилоти байналмилалӣ оид ба идоракунии фалокатҳо ва посух ба ҳолатҳои фавқулодда буда
, ҳ
адафи он расондани кӯмак ҳангоми ва баъди фалокатҳои табиӣ ва техногеннӣ, хусусан дар мамолики рӯ ба тараққӣ мебошад. ФОКУС намояндагии худро дар Аврупо, Америкаи Шимолӣ ва Осиёи Марказию Ҷанубӣ барои расондани ёрӣ ба аҳолии ниёзманд дар ташкили ҷамоатҳои ба фалокатҳо омода ва кам кардани вобастагии онҳо аз кӯмаки хайрия бунёд кардааст ва ба онҳо дар гузариш ба тараққиёти дарозмуддату устувор мусоидат мекунад. Аз соли 1997 ФОКУС
дар То
ҷ
икистон
ба зиёда аз 40 офати табиӣ посух дод ва ба минтақаҳои зарардида ба андозаи зиёда аз 500 000 доллари ИМА кӯмак расонд. ФОКУС яке аз ташкилотҳои марбутаи Шабакаи Оғохон оид ба Рушд мебошад. Дар маркази таваҷҷӯҳи гурӯҳи созмонҳои марбут ба Шабакаи Оғохон оид ба Рушд масоили беҳбудӣ бахшидан ба шароити зиндагӣ ва имкониятҳои аҳолии ҷаҳони рӯ ба тараққӣ сарфи назар аз мазҳаб ва асл мебошад. Дар ин бора аз ташкилоти Фокус Кӯмаки Башардӯстона (ФОКУС) дар Тоҷикистон хабар доданд.



Вакилони парлумон қонунеро қабул карданд, ки барои воридоти аккумулятор пули “утилизатсия” ситонида мешавад
Нокомии ҷудокорони тоҷик дар “Tokyo Grand Slam 2025”. Онҳо аз Ҷопон бемедал бармегарданд
КҲФ марги як зану шавҳар дар Рашт бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангиштро тасдиқ кард
Таъини ҷазо барои истеҳсоли “криптовалюта” бо истифода аз “барқи дуздӣ”
Марги як корманди пешини ҳукумати Исфара ҳамроҳи ҳамсар ва духтараш дар пайи заҳролудшавӣ
Дар Тоҷикистон чеҳраи нафақахӯронро шиносоӣ мекунанд
Муҳаммад Наимов баъди шикаст аз намояндаи Бразилия дар "UFC 323" чӣ қадар маблағ гирифт?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 37
Мақомот сӯхтор дар ҳудуди бозори “Корвон"-ро шарҳ доданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста