Душанбе. 7-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде қабл дар хобгоҳи рақами 7-и Донишгоҳи омӯзгорӣ дар шаҳри Душанбе сӯхтор ба амал омад.
Тибқи иттилои расида ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати хадамоти оташнишонии Вазорати умури дохилии ҶТ, телевизоре, ки дар утоқи омӯзишӣ беназорат гузошта шуда буд, оташ гирфта, сипас он ба пардаҳо ва мебели утоқ гузаштааст. «Баробари огаҳӣ ёфтан кормандони хадамоти оташнишонӣ зуд ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, дар муддати хеле кӯтоҳ оташро хомӯш карданд», - гуфт манбаъ ва афзуд, ки касе аз сӯхтор осеб надидааст.
Ба иттилои манбаъ, ин ҳодисаи шашуми сӯхтор дар муассисаҳои вазорати маорифи кишвар мебошад. «Аз оғози сол дар ҷумҳурӣ 371 сӯхтор рух дода, зарари моддии он 1 млн. 457 ҳазору 611 сомониро ташкил дод», - афзуд манбаъ.
Акнун аҳолӣ барои гирифтани маълумотномаи доғи судӣ изи ангушт месупоранд. Боз барои чӣ изи ангушт мегиранд?
Аз 14 рақам танҳо 5-то посух дод. Телефонҳо барои эълони кор дар хориҷа чӣ гуна кор мекунанд?
Эмомалӣ Раҳмон паёми имсолаашро дар бинои нави парлумон ироа мекунад
Дар миёни мусофирони ҳавопаймои суқуткардаи "Azerbaijan Airlines" ду зодаи Тоҷикистон ҳам будаанд
Аз кори мақомоти қудратӣ то ришвахории додрасҳо. Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2024 кадом ниҳодҳоро танқид кард?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Иллати ҳақиқӣ”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 декабри соли 2024
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста