Дар Душанбе як маркази таълимии нав бо номи "Titan Training Center"боз шуд, ки дар он сокинон метавонанд забони кореягӣ омӯзанд ва ба кор дар Кореяи Ҷанубӣ омодагӣ гиранд. Марказ дар доираи лоиҳаи "Titan: Tajikistan" дар ҳамдастӣ бо ширкати байнулмилалии таълимии "NSDevil" таъсис дода шудааст.
Ҳадаф аз ифтитоҳи марказ, кумак ба шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати азхудкунии донишҳои нав, пеш аз ҳама забони кореягӣ ва дарёфти имконот барои бо кор таъмин шудан дар берун кишвар унвон мешавад.
Чаро ин муҳим аст?
Кореяи Ҷанубӣ яке аз кишварҳоест, ки ба қувваи кории хориҷӣ ниёз дорад. Барои кор дар он ҷо донистани забони кореягӣ ва супурдани имтиҳонҳои махсуси забондонӣ лозим аст. Масъулини "Titan Training Center" мегӯянд, ин марказ "ҷиҳати омодагӣ гардидан ба ин талабот кумак карда, имкони корҷӯёнро барои шуғл дар ин кишвар зиёд мекунад".
Омӯзиши забони кореягӣ имрӯз на танҳо имкони дарёфти кор, ҳамчунин, имкони дарёфти малакаҳои нав ва баланд бардоштани сатҳи тахассус аст.
Омӯзиш чӣ гуна ҷараён мегирад?
Дар марказ платформаи муосири "Titan Center" истифода мешавад, ки аз давраҳои омӯзишӣи забони кореягӣ, маводи рақамии таълимӣ, технология бо таркибҳои ҳуши маснӯӣ, абзору воситаҳо барои омодагӣ ба имтиҳони "EPS TOPIK" иборат аст.
Шин Син Ён, мудири стратегияи глобалӣ ва таҳқиқоти ширкати "NSDevil" мегӯяд, лоиҳа барои шаҳрвандони Тоҷикистон имконоти нав фароҳам меорад:
“Мо хостори онем, ки сокинони Тоҷикистон тавонанд дар бозори байнулмилалии кор рақобат кунанд. Технологияи муосир ва таълими рақамӣ ба баланд бардоштани сифати таълим мусоидат намуда, ба сӯи касбҳои нав роҳ мекушоянд”.
Меҳрангез Тошматова, намояндаи "Titan Training Center" дар Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳадафи мо на танҳо дар омӯзиши забон, балки кумак ба одамон барои муваффақона супурдани имткиҳонҳо ва омода гардидан ба кор дар Кореяи Ҷанубӣ имфода меёбад.

Дар Тоҷикистон норасоии омӯзгорони забони кореягӣ эҳсос мешавад. Барои ҳалли ин мушкил, дар "Titan Training Center" платформаи махсуи дорои таркибҳои ҳуши маснӯӣ истифода мешавад. Он ба омӯзгорон ҷиҳати роҳандозии пурсамари машғулиятҳо, инчунин ба донишҷӯён барои бештар азхудкунии мавод ва пайгирии пешрафти худ кумак мекунад.
Робита бо барномаи давлатии EPS
Кори марказ бо барномаи давлатии "Employment Permit System" (EPS) робитаи зич дорад. Ин барнома ба шаҳрвандони Тоҷикистон имкон медиҳад, ки расман дар Кореяи Ҷанубӣ ба кор машғул бошанд.
Барои шомил гардидан ба барнома, довталабон бояд ин амалҳоро анҷом диҳанд:
- имтиҳонҳои забони кореягӣ (EPS TOPIK)-ро супоранд;
- аз санҷиши малакаҳои касбӣ муваффақона гузаранд.
Пас аз ин маълумоти номзадҳо ба низоми махсус ворид мешаванд, ки дар он корфармоёни кореягӣ кормандонро интихоб мекунанд. Зимни имзои шартномаи меҳнатӣ ба корманд раводид (виза)-и кории Е-9 ба муҳлаи то 5 сол дода мешавад.
Соли 2025 даҳҳо шаҳрвандони Тоҷикистон аз имтиҳонҳо тибқи барномаи EPS гузаштанд. Мутахассисон зикр мекунанд, ки чунин натиҷаҳо дар фурсати хеле кӯтоҳ - камтар аз як сол ба даст оварда шудааст, ки миёни кишварҳои иштирокчии барномаи EPS аҳёнан рух медиҳад.
Ба куҷо метавон муроҷиат кард?
Шаҳрвандони хостори дарёфти кори расмӣ дар Кореяи Ҷанубӣ ва омода ба омӯзиши забони кореягӣ, метавонанд ба Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа муроҷиат кунанд:
шаҳри Душанбе, кӯч. Лоҳутӣ, 80.
Тел. 221-39-67, 221-39-83
WhatsApp / Telegram: +992 930934994
Суроғаи маркази таълимӣ:
ш. Душанбе, кӯчаи Аҳрорӣ, 140/1, маҷмааи хидматрасонии «Пойтахт-80»
Тел. +992 552192222.







“Ба назди мардум меравам”. Раиси тозатаъини Кӯлоб кист ва чӣ нақша дорад?
Дар Хатлон як мардро барои бо барқ куштани ҳамсараш 21 сол зиндонӣ кардаанд
Дар ҳолати мастӣ, ташкили пойга ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ. Барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чӣ ҷарима таъин мешавад?
Ду ҳавопаймо дар Хуҷанд фуруд омада натавониста, дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Самарқанд нишастаанд
Таъмиру навсозии агрегатҳои НБО “Қайроққум” пурра ба охир расидааст
Роҳбари Театри миллӣ муайян шуд. Манучеҳр Шарифзода кист ва Театри миллӣ чӣ вазифа дорад?
То $15 ҳазор гаравпулӣ. Шарти нави ИМА аз тоҷикистониҳо барои дарёфти “виза”-и Амрико
“Бо "селофан" буғӣ кардааст”. Як зан дар Хуросон барои куштори духтари сесолааш 18 сол равонаи зиндон шуд
Ба оилаи ду афсари зимни задухӯрд дар марз бо Афғонистон кушташуда хона доданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста