Душанбе. 12-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Тибқи маълумоти пешакӣ бар асари боронҳои шадиду муттасил дар моҳҳои апрел-май ба хоҷагии халқи Тоҷикистон ба маблағи беш аз 1 млн. $ зарар расонида шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҶТ хабар доданд.

            Мутаасифона, талафоти ҷонӣ низ ба қайд гирифта шуд. Танҳо дар рӯзҳои ид дар натиҷаи борони селу резиши ярч 9 нафар ба ҳалокат расиданд, ки 6 нафарашон кӯдакон мебошанд.

Шаби 9-уми май дар километри 158-уми роҳи мошингард, дар ағбаи Шаҳристон бар асари сангфароӣ автомашинаи КАМАЗ ба ҷарии чуқуриаш 550 метр сарозер р афта, дар натиҷа ронандаву ду нафар мусофири ӯ ба ҳалокат расиданд. Ҳамин рӯз инчунин дар ноҳияи Айнӣ зимни чаронидани чорво аз кӯҳ ярч фаромада, чӯпон – Анвар Нарзиевро зинда ба зинда ба коми худ кашид.      Рӯзи 8-уми май дар ноҳияи Турсунзода бар асари фаромадани сел 3 нафар кӯдаки ноболиғ фавтида буданд.

            Қаблан дар бораи 9 нафар ҷабрдидагон аз офатҳои табиӣ хабар дода шуда буд. Дар моҳҳои апрел- майи соли ҷорӣ аз боронҳои шадиду муттасил беш аз 100 хонавода осеб дида, садҳо гектар заминҳои кишт зарар диданд ва қитъаҳои бузурги роҳҳои мошингард корношоям гардида, якчанд пул хароб гардид. Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзии ҶТ, бар асари боришоти шадид мавсими киштукор бо қафомонӣ аз нақша ҷараён дорад. Дар ҳамин ҳол, мувофиқи пешгӯии обуҳавошиносон, боришоти шадид то то нимаи моҳи май идома хоҳад ёфт.