Дирӯз дар “Кохи Суруш”-и шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Синамоҷоизаи дуюми миллии “Тоҷи Сомон” таҳти шиори “Қадршиносии ҳунари асил” баргузор гардид.
Шоҳҷоизаи ҷашнвораи дуюми миллии синамои “Тоҷи Сомон”, ки дар Душанбе баргузор шуд, насиби филми “Моҳӣ дар шаст” гардид. Ин филм аз сӯи “Тоҷикфилм” ва “DOVfilm” таҳия шудааст ва коргардони он Муҳиддин Музаффар мебошад.
Инчунин, ҷоизаи беҳтарин филмҳо ба нафарони зерин эҳдо шуд:
* “Беҳтарин филми мустанад” - филми “Пайравони ҳақиқат”-и Рустам Шоазимов;
* “Беҳтарин филми тасвирӣ” - филми “Зани порсо”-и Фирдавс Насруллозода;
* “Беҳтарин филми ҳунарӣ” - “Дар талоши ҳақиқат”-и Манзаралӣ Шералӣ;
* “Беҳтарин филми дебют” - филми “Фурӯғ”-и Одина Маҳмад;
* “Беҳтарин филми ҳунарии кӯтоҳ” - филми “Модар”-и Нигина Раҷабова;
* “Таваҷҷӯҳи тамошобин” - филми “Ғам”-и Музаффар Шодиев;
Ҷоизаи беҳтарин нақшофарон ба ҳунармандони зер тақдим шуданд:
* “Беҳтарин нақши кӯдакона” - Зулайхои Абдуҳаким дар филми “Се хоҳарон”;
* “Беҳтарин нақши занона” - Таҳмина Раҷабова дар филми “Зиндагӣ зебост”;
* “Беҳтарин нақши мардона” - Насриддин Нуриддинов дар филми “Зиндагӣ зебост”;
* “Беҳтарин коргардон” - ба Далер Раҳматов барои филми “Зиндагӣ зебост”;
Аз нигоҳи техникӣ ҷоизаҳо ба нафарони зер дода шуданд:
* “Беҳтарин танзим” барои филми “Мактаби мардонагӣ” ба Дилшод Раҳмонов;
* “Беҳтарин дизайн” - филми “Танҳо ту”-и Восеъ Набиев;
* “Беҳтарин наворбардор” барои филми “Танҳо ту” ба Шуҳрат Қурбонов;
Ҳамин тавр, ҷоизаи ифтихории Синамоҷоизаи “Тоҷи Сомон” -“Беҳтарин филмноманавис” ба Абдурофеъ Рабизода тақдим гардид.
Ҳамчунин, барои иштирок дар ин синамоҷоиза ба филми “Ҳафт марвориди Шинг”-и Садриддин Охонов, “Ҳоло, ки ман ҷавонам”-и Ғолибшо Мусоев, “Садои тамаддун”-и Тоҳир Асрориён, “Фарзанди фарзонаи миллат”-и Иззат Самадӣ, “Мавлоно”-и Далер Ҳасанзода ва филми “Ҳафткӯл”-и Шавкат Муҳаммадиев дипломи Синамоҷоизаи дуюми миллии “Тоҷи Сомон” дода шуд.
Гуфта мешавад, ки ҳадаф аз баргузории озмун тарғиби дастовардҳои беҳтарини синамои миллӣ, тақвияти ҳамкории синамогарони Тоҷикистон ва дастгирии ҷавонони боистеъдод мебошад.
Бояд гуфт, ки имсол ба озмуни Синамоҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон” барои иштирок ва рақобат беш аз 50 филми пурра, кӯтоҳ, бадеӣ, мустанад ва тасвирӣ пешниҳод гардид.
Ёдовар мешавем, ки соли дуюм аст Синамоҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон” дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Раванди баргузорӣ ва ҷоизадорони аввалин синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон”-ро дар матлаби зерини “Азия-Плюс” хонед.




Масъуди Пизишкиён гуфт, Эрон бо кадом шарт ба кишварҳои ҳамсояаш ҳамла намекунад. Рӯзи ҳаштуми ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
"Азия-Плюс" ба зиндони занонаи Норак беш аз 500 китоб тақдим кард ва бо шароити маҳбусон шинос шуд
Ҷасади Таҳминаи 21-соларо баъди як моҳи бедаракшавӣ дар наздикии марз бо Ӯзбекистон аз дарё пайдо карданд
"Moody’s" мавқеи соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистонро як зина беҳтар арзёбӣ кардааст
Бордорконии "ЭКО" дар Ислом – иҷоза аст ё мамнӯъ? Муфтии Тоҷикистон посух дод
Қариб 290 шаҳрванди Тоҷикистон то шоми 6-уми март аз Эрон берун шудаанд
“Беморон ранҷ кашиданд”. Нақли тоҷиконе, ки дар авҷи ҷанг аз Эрон ба Тоҷикистон баргаштанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 марти соли 2026
Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста