Душанбе. 22-юми май. ОИ «Азия-плюс» - Дар посух ба изҳороти ҳукумати Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мавриди расонидани ёрии таъҷилӣ ба осебдидагон аз офатҳои табиӣ, ҳукумати Ӯзбекистон тасмим гирифт, ки ба аҳолии осебдидаи кишвари ҳамсоя дасти ёрӣ дароз мекунад.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз сафорати Ӯзбекистон дар ҶТ иттилоъ доданд, рӯзҳои наздик тавассути роҳи оҳан ба Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 1400 тонна кӯмаки башардӯстонаи Ӯзбекистон фиристода мешавад, ки аз маводи ғизоӣ ва масолеҳи сохтмон иборат хоҳад буд.
Бино ба иттилои манбаъ, бо назардошти ирсоли таъҷилии кӯмаки башардӯстона ба минтақаҳои осебдида, ҷониби Ӯзбекистон аз мақомоти дахлдори Тоҷикистон дархост кардааст, ки саривақт кишвари ҳамсояро дар бораи воситаҳои ҳарчи зудтар ба маҳали ҳодиса расонидани кӯмак огоҳ созад.
Акнун соҳибони скутерҳо ҳам бояд рақами давлатӣ ва шаҳодатномаи бақайдгирӣ гиранд
“Пас аз мову ту ҳам олам чуноне буд, мемонад...” Ёде аз Ҳофизи халқии Тоҷикистон Ҳусейн Насриддинов
Меъёрҳои ҷойгиркуниии маълумот дар бораи муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Русия тасдиқ шуд
Тоҷикистон бо манзараҳои беҳтарини табиӣ дар Осиё соҳиби ҷоиза гардид
“Ташнаи коргар”: Дар Русия эҳтиёҷ ба қувваи корӣ зиёд мешавад
Дар Исфара ва Хоруғ нерӯгоҳи барқи офтобӣ месозанд
Даъвати Хадамоти алоқа: Меҳмононро бо интернети суръаташ на кам аз 100 мбит/с таъмин кунед!
Қатъи фаъолияти маркази дилхушии “Париж” ва оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати роҳбараш
Барои ҳозир нашудан ба комиссариати ҳарбӣ аз шаҳрвандии Русия маҳрум карданд. Чӣ бояд кард?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “ Машварат бо душмани хирадманд"
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста