Душанбе. 26-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Конфронси исломӣ аз кишварҳои аъзои созмон даъват ба амал оварданд, ки ба Тоҷикистон ҷиҳати рафъи оқибатҳои боришоти шадид ва резиши селу ярчи чанде пештар рухдода кӯмак расонанд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҶТ хабар доданд, дар қатъномаи қабулгардида гуфта мешавад, ки иҷлосияи 36-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СКИ бо назардошти барномаи 10-солаи амал бобати таҳкими саҳми Созмон дар масоили ҳамкориҳои иҷтимоӣ оид ба рафъи оқибатҳои офати табиӣ ва муқаррароти Эъломияи ниҳоии иҷлосияи 11-уми нишасти сарони кишварҳои узви СКИ роҷеъ ба таҳкими нақши Котиботи Кулли дар кори мубориза бо офатҳои табиӣ дар ҷаҳони ислом, аз кишварҳои узви Конфронс даъват кардааст, ки ба Тоҷикистон ҷиҳати рафъи оқибатҳои табиии чанде пештар рухдода кӯмак намоянд.
Бино ба иттилои манбаъ, Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СКИ ҳамчунин аз Бонки исломии рушд ва Бунёди ҳамрайъии исломӣ низ даъват кардааст, ки ба Тоҷикистон кӯмаки башардӯстонаи таъҷилӣ ва молиявӣ расонанд.
Айни замон 57 кишвари дунё узви Созмони Конфронси исломӣ буда, шумори аҳолии кишварҳои узви созмон 1,2 млрд. нафарро ташкил медиҳад. Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ аз соли 1992 ба узвияти СКИ пазируфта шуд.
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба номи Давлатманд Холов гузошта шуд
“Забон ёфтем”. Содир Жапаров гуфт, қитъаҳои мавриди баҳс бо Тоҷикистон “50 ба 50 тақсим шуданд”
“Тоҷикистон ҷонибдори рафъи маҳдудиятҳо аст.” Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи сарони кишварҳои ИДМ дар Маскав чӣ гуфт?
ТОП-7 меваи Тоҷикистон, ки дар соли 2024 аз ҳама бештар содир шудааст
Гузоришгарони бидуни марз: Дар соли 2024 дар саросари ҷаҳон 54 хабарнигор кушта шудаанд
Дар Тоҷикистон мақоми Ваколатдори нав таъсис дода мешавад
Боздошти ҷавони 18-сола бо гумони куштори як сокини Ҳисор
Дар Тоҷикистон беш аз 1 млн тонна картошка истеҳсол шуд, лекин чаро он арзон нест?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Се моҳӣ дар обгир”
СУБҲ БА ХАЙР, ТОҶИКИСТОН! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2024
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста