Душанбе. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дирӯз дар шаҳри Алмаато кори семинари бахшида ба мавзӯи ҳамгиройии экологӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба анҷом расид. Ҳадаф аз баргузории семинар – баррасии роҳҳои пурсамари дохил кардани ҷанбаҳои экологӣ дар амалисозии барномаҳои Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳамкорӣ ва рушд аст.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Комиссияи Аврупо дар ҶТ иттилоъ доданд, дар кори семинари мазкур кормандони намояндагиҳои Комиссияи Аврупо дар кишварҳои минтақа ва созмонҳои миллии шарики Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Афғонистон ширкат варзиданд. «Иштирокдорони семинар масоили дурнамои ҳамгиройии экологӣ дар минтақа, тарзҳои муайян ва бартараф сохтани оқибатҳои ногувори имконпазири таъсир ба муҳити зист зимни амалисозии барномаҳо ва истифодаи имконоти беҳбуди вазъи экологиро муфассал мавриди баррасӣ қарор доданд», - гуфт манбаъ.  

            Бино ба иттилои манбаъ, миёни тарзҳои мушаххас, ки ба коршиносон пешниҳод гардид, Гузориши таъсир ба муҳити зист ва Баҳогузории стратегии муҳити зист пешкаш шуд. «Тарзҳои мазкур махсусан барои муайян сохтани таъсири оқибатҳои ногувори имконпазир ба вазъи экологӣ ва андешидани чораҳои пешгирии он таҳия шудаанд», - афзуд сарчашма.