Душанбе. 14-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон бар асари ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ 39 нафар ба ҳалокат расиданд.

            Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ Ҳайбулло Латифов изҳор дошт, ки бо оғози мавсими шиноварӣ 43 нафар ғарқ шудаанд ва аз шаҳрвандон даъват ба амал овард, ки зимни дар ҷойҳои обоозиву шиноварӣ қарор доштан, боэҳтиёт бошанду кӯдаконро таҳти назорат дошта бошанд.

            Ба гуфтаи ӯ, дар натиҷаи офатҳои табиӣ ҳудуди 2,5 ҳазор манзили зист ба маблағи умумии қариб 16 млн. сомонӣ зарар дида, 496-тои онҳо пурра хароб гардидаанд ва маблағи хисороти аз офатҳои табиӣ вордшуда тақрибан дар ҳаҷми 92,5 млн. сомонӣ арзёбӣ мешавад. «Лағжиши ярчу фаромадани сел ба 40 ноҳияи ҷумҳурӣ зарар расонида, моҳҳои апрел-май ноҳияи Хуросон аз ҳама бештар хисорот бардошт, ки дар ин ноҳия 229 хонаи истиқоматӣ зарар дида, 132-тоаш пурра хароб гардид», - гуфт ӯ.

            Номбурда ҳамчунин гуфт, феълан дар ноҳияи Хуросон 40 манзили зист бунёд шуда, ба осебдидагон супурда шудааст ва сохтмони 136 хонаи дигар аз ҷониби вазорату идораҳои ҷумҳурӣ идома дорад. «Боз 310 манзили зист бо дастгирии ҳкумати ҶТ ва осебдидагон сохта мешавад ва онҳо бо тамоми масолеҳи сохтмонии зарурӣ таъмин карда шуданд», - афзуд Ҳ.Латифов.