Душанбе. 15-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде пештар дар бинои Кохи фарҳанги ноҳияи Ҳисор сӯхтор сар зад, ки майдони 450 метри мураббаъро фаро гирифт.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти оташнишонии ВКД ҶТ иттилоъ доданд, бинобар андешидани чораҳои таъҷилӣ сӯхтор хомӯш гардида, вале коргардони кох Шамсиддин Нуриддинов бо 15 дарсади сӯхтагиҳои бадан ба беморхона мунтақил шудааст ва табибон вазъи саломатии ӯро қаноатбахш арзёбӣ мекунанд. «Айни замон бобати муайян кардани сабабҳои сар задани сӯхтор таҳқиқот гузаронида мешавад», - гуфт манбаъ.

            Бино ба иттилои манбаъ, ҳаҷми зарари расида аз сӯхтор 30 ҳазор сомонӣ арзёбӣ мегардад.

            Мувофиқи маълумоти хадамоти оташнишонӣ, дар зарфи шаш моҳи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 718 ҳодисаи сӯхтор рух дода, бар асари он 50 нафар осеб дидаанд, ки аз ин миқдор 20 нафар ба ҳалокат расидааст. Маблағи хисороти расида аз сӯхтор дар ин давра муодили 2 млн. 287 ҳазор сомонӣ аст.