Душанбе. 13-уми май. Азия-Плюс — Дар шаҳри Душанбе кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон миқдори зиёди ҳабҳои нашъаовари «экстази»-ро мусодира намуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз агентии мазкур иттилоъ доданд, зимни баргузории корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ дар қаламрави пойтахт ҳангоми фурӯши ҳабҳои (таблеткахои) MDMA, ки бештар чун «эсктази» маъруфанд, шаҳрванди 34-солаи кишвар боздошт гардида, ҳамчунин зимни азназаргузаронии манзили зисти иҷораи ӯ панҷ бастаи селлофании дорои ҳудуди 500 дона ҳабҳои нашъаовари «метилендиоксиметамфетамин» (MDMA, экстази) дарёфт ва мусодира карда шудааст.
Зикр гардид, ки бино ба маълуоти пешакӣ, боздоштшуда ин ҳабҳоро аз як шаҳрванди Афғонистон харида, ният доштааст, ки онро бо арзиши аз 20 то 30 доллари ИМА барои ҳар як донааш фурӯшад.
Коршиносон хатари зиёди ин маводи муаддири синтетикӣ – вобастагии зуди равониро, ки ба харобии ҷиддии рӯҳияву асаб боис мегардад, таъкид менамоянд.
Қоибили зикр аст, ки соли равон кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҷумҳурӣ аз муомилоти ғариқонунӣ беш аз 460 кило маводи мухаддирро мусодира намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 49,3% зиёдтар аст.




Вакилони парлумон қонунеро қабул карданд, ки барои воридоти аккумулятор пули “утилизатсия” ситонида мешавад
Нокомии ҷудокорони тоҷик дар “Tokyo Grand Slam 2025”. Онҳо аз Ҷопон бемедал бармегарданд
КҲФ марги як зану шавҳар дар Рашт бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангиштро тасдиқ кард
Таъини ҷазо барои истеҳсоли “криптовалюта” бо истифода аз “барқи дуздӣ”
Марги як корманди пешини ҳукумати Исфара ҳамроҳи ҳамсар ва духтараш дар пайи заҳролудшавӣ
Дар Тоҷикистон чеҳраи нафақахӯронро шиносоӣ мекунанд
Муҳаммад Наимов баъди шикаст аз намояндаи Бразилия дар "UFC 323" чӣ қадар маблағ гирифт?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 37
Мақомот сӯхтор дар ҳудуди бозори “Корвон"-ро шарҳ доданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста