Бар асари як ҷанҷоле, ки миёни ҷавонон дар шаҳри Хуҷанд ба вуқӯъ пайвасту бо кордзанӣ анҷом ёфт, як ҷавони 18-сола ба ҳалокат расид. Ба гумони даст доштан дар ин ҷиноят се нафар гумонбаршудагон боздошт шудаанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, рӯзи 15-уми сентябр дар назди театри ба номи Камоли Хуҷандӣ миёни як гурӯҳ ҷавонон ҷанҷолу афтударафт ба вуқӯъ пайваста, он бо кордзанӣ ба анҷом мепазирад. «Дар натиҷа Шӯҳрат Ӯрунови 18-сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ҳамроҳони ӯ – Фирдавс Каримови 18-сола ва Мӯминҷон Ҷӯраеви 23-сола бо ҷароҳатҳои бардошта аз зарби корд ба беморхона бистарӣ шудаанд», - гуфтанд дар вазорат.
Ба иттилои манбаъ, пас аз ин ҳодиса ҷинояткорон аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. «Рӯзҳои истироҳати ҳафтаи гузашта ба гумони даст доштан дар содир намудан ин ҷиноят ду нафар сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – А.Т.-и 20-сола ва Б.М.-и 21-сола ва ҳамчунин сокини 21-солаи шаҳри Хуҷанд З.П. дастгир шуданд», - гуфт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел мутобиқи моддаи 104, қ. 2 (Одамкушӣ) ва 237, қ. 3 (Авбошӣ)-и КҶ ҶТ правандаи ҷиноӣ боз гардида, ҷиҳати боздошти дигар афроди дар ин ҷиноят дастдошта, аз ҷумла як нафар ноболиғ чораҳо андешида мешаванд.




Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Дар Тоҷикистон гирифтани тасдиқи маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуд
Ҳукумати нав сохтанд ё ҷойгузини ҳам шуданд? Дар Украина чанд мансабдор аз вазифа рафт
Тағйироти кадрӣ. Ёрдамчии раисҷумҳур ва роҳбарони 9 шаҳру навоҳӣ нав шуданд
Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Русия дар робита ба марги як блогери рус
Пахта дар бозори ҷаҳонӣ қимат мешавад. Ин ба Тоҷикистон чӣ фоида дорад?
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии амнияти занон зинаи 89-умро касб кард
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста