Бар асари боришоти зиёди барф ва фаромадани тармаҳо, робита бо маркази маъмурии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ пурра қатъ гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз дастгоҳи раиси ВМКБ хабар доданд, айни замон роҳҳои асосии автомобилгарди Хоруғ-Душанбе ва Хоруғ-Мурғоб ва ҳамчунин роҳҳои мошингарди дохилии Хоруғ-Ишкошим ва Хоруғ-Роштқалъа баста шудаанд.
Бино ба маълумоти мавҷуда, бар асари тармафароиҳои зиёд тайи шабонарӯзи гузашта дар ВМКБ, якчанд манзили зисти шаҳрвандон зери тарма мондааст. Корҳои наҷотдиҳӣ ба роҳ монда шудаанд. Аз ҷузъиёти ҳодиса алҳол маълумот дода нашуд.
«Айни замон таҳти раёсати раиси ВМКБ Қодир Қосимов ҷаласаи таъҷилии ҳукумати вилоят доир гардида истодааст, ки дар он маълумоти бештар дақиқ пешниҳод хоҳад шуд», - гуфт манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, дар худи шаҳри Хоруғ роҳҳо аз барф тоза гардида, нақлиёт бемамониат равуо дорад. «Феълан тамоми техника ба тозакунии роҳи автомобилгарди Хоруғ-Душанбе, Хоруғ-Мурғоб ва ҳамчунин роҳҳои мошингарди дохилии Хоруғ-Ишкошим ва Хоруғ-Роштқалъа сафарбар гардидааст», - иброз дошт сарчашма.
Дар ҳамин ҳол, боришоти барфи зиёд ба ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои мошингарди шаҳри Душанбе мушкил эҷод кард. Аз мақомоти шаҳрдории пойтахт иттилоъ доданд, ки ба роҳҳои мошингарди шаҳри Душанбе тамоми техникаи барфтозакунии дар тавозуни мақомоти шаҳрдорӣ қарордошта сафарбар шудаанд.
Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, боришоти барф дар пойтахт имрӯз ва ва шаб низ идома меёбад. Онҳо мегӯянд, ворид шудани обуҳавои сарди атлантикӣ аз баҳри Миёназамин ба қаламрави Тоҷикистон ба боришоти зиёди барф боис гардид.
Қобили зикр аст, ки барои моҳи март чунин боришоти барф дар Тоҷикистон хос нест. дод. «Барои моҳи март чунин боришоти барф хос нест. Тайи 10 соли ахир дар пойтахт чунин боришот ба мушоҳида нарасида буд. Обуҳавои ба ин монанд дар пойтахт солҳои 1964 ва 1969-и қарни гузашта ба қайд гирифта шудаанд.
Афзоиши идрорпулии президентӣ барои мактаббачаҳо ва донишҷӯёни коллеҷу литсейҳо
Думаи давлатӣ тарҳеро пазируфт, ки имкон медиҳад Толибон аз феҳристи созмонҳои террористӣ берун шаванд
Либияву Ироқи сонӣ ё лонаи ифротиён. Сурияро чӣ интизор аст ва ҳаводиси ин кишвар ба Осиёи Марказӣ чӣ хатар дорад?
Чанд соҳибкор барои фурӯши маҳсулоти пастсифат беш аз 183 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд
Иттиҳоми нав дар парвандаи чеҳраҳои шинохта. Абдулфайз Атоӣ ба қаллобӣ ҳам муттаҳам шудааст
Кадом варзишгарони тоҷик дар рӯйхати футболбозони гаронарзиши Осиёи Марказӣ ҳастанд?
Чин шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон мешавад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Фармондеҳи ҷавон"
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи обуҳаво барои 11 декабри соли 2024
Акнун соҳибони скутерҳо ҳам бояд рақами давлатӣ ва шаҳодатномаи бақайдгирӣ гиранд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста