Дар шаҳри Душанбе толибилми синфи 1 зери чархи автомашинаи «Тангем» монда, зимни интиқол ба бемористон дар роҳ ба ҳалокат расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати БДА-и ВКД Тоҷикистон хабар доданд, зимни ҳаракат аз ноҳияи Рӯдакӣ ба самти кӯчаи 50-солагии Тоҷикистон автомашинаи ронандаи 42-сола Абдувоҳид Бозоров ба толибилми синфи 1 бармехӯрад, ки дар натиҷа аз ҷароҳатҳои бардошта ӯ ба ҳалокат мерасад.

Раёсати БДА аз тамоми ронандагону роҳгузарон даъват ба амал меоварад, ки ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ риоя кунанд.

Дар ҳамин ҳол, як хонандаи ОИ «Азия-Плюс» дар суҳбати телефонӣ хабар дод, ки субҳи имрӯз дар гузаргоҳи рӯ ба рӯи мактаби таҳсилоти умумии №1 дар наздикии Хонаи матбуоти пойтахт чароғаки роҳгузар кор намекард.

«Ин ҷо ҳаракати нақлиёт хеле зиёд аст ва корношоям будани чароғак ҳам барои ронандагону ҳам барои роҳгузарон мушкилоти зиёдеро пеш овард, зеро аксари толибилмон давида роҳро гузаштанӣ мешуданду, таври маъмул ронандагон ба ин кори онҳо на он қадр таваҷҷуҳ доштанд», - хабар дод хонанда.

Бино ба маълумоти Раёсати БДА, соли равон дар роҳҳои кишвар 239 ҳодисаи садамаи нақлиёт (ҳамин давраи соли гузашта – 296 ҳодиса) ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 69 нафар ҳалок (ҳамин давраи соли гузашта – 106 нафар) ва 263 тан ҷароҳатҳои ҷисмонӣ (ҳамин давраи соли 2011 – 341 нафар) бардоштанд.