Пас аз омадани сел дар деҳаи Сабзиқадами ҷамоати Мучихарфи ноҳияи Нуробод чанде аз оилаҳои осебдидаи ин деҳа то ҳанӯз маҷбуранд, ки дар хонаҳои ҳамсояҳову хешу табор зиндагӣ кунанд.
Сокинони деҳа аз он шикоят доранд, ки ҳукуматдорон ба ҳоли онҳо бетаваҷҷуҳӣ зоҳир сохта, ҷиҳати ба ҷойи бехавф кӯчонидани мардум ҳеҷ чорае намеандешанд.
Субҳи рӯзи 1-уми апрел бар асари боришоти зиёд дар ин ҷо сел омада, се манзили зист пурра зери лойқаи он мондаанд ва боз чанд хонаҳои дигар қисман зарар дидаанд.
Сокини 46-солаи деҳа, падари 10 фарзанд Саломатшо Олимов мегӯяд, дар як лаҳза аз манзили зист маҳрум ва қитъаи боғаш низ бо 500 адад ниҳоли мевадор зери лойқа мондааст.
«Хушбахтона, офат субҳ рух дода, имкон ёфтем, ки аз талафоти ҷонӣ эмин бимонем. Айни замон мо маҷбурем, ки дар хонаи ҳамсояву хешу ақрабо зиндагӣ кунем, зеро ба манзили зисти худамон баргаштан ғайриимкон аст», - иброз дошт Олимов.
Ба гуфтаи ӯ, пас аз чанд рӯзи омадани сел сокинони деҳа х аробиҳову оқибатҳои онро дар видео наворбардорӣ кардаанд.
«Мо ба ҳукумати маҳаллӣ, ситоди маҳаллии ҳолатҳои фавқулода муроҷиат кардем, вале онҳо ҳеҷ вокунише нишон надоданд. Сипас ман маҷбур ба Душанбе омада, диски сабти наворҳои оқибати офат ва аризаи сокинонро ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ пешниҳод кардам, вале аз он ҷо ҳам то ҳанӯз посухе нагирифтаем», - шикоят мекунад сокини маҳаллӣ.
Дар аризаи худ сокинони осебдидаи деҳа дархост кардаанд, ки ба онҳо дар макони бехавф манзили зист дода шавад. «Дар ҳукумати маҳаллӣ ба мо қитъаи замин дар ҳамин ноҳия пешниҳод карданд, вале он дар макони дурдаст воқеъ буда, он ҷо чизе нашъунамо намеёбад. Мо дар ин заминҳо чӣ гуна ба кори маъмулии кишоварзӣ машғул мешавем?», - суол медиҳад ҳамсуҳбат.
Дар робита ба ин масъала муовини раиси КҲФ ва МГ назди ҳукумати ҶТ Бахтиёр Орифов ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки дар бораи офати табии дар ин деҳа рухдода хабардор аст. «Мо бо ситоди маҳаллӣ бори дигар дар тамос шуда, дубора санҷидани далелҳоро талаб мекунем ва сипас бо ҳукумати маҳаллӣ чора хоҳем андешид», - афзуд номбурда.
Чаро бонкҳои кишвар асъори хориҷии каме нуқсондоштаро қабул намекунанд?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Як рӯзи хазонрез”, қисми 2
Мансабдори тоҷик кӯҳҳоро монеъаи асосӣ барои интернети хушсифат номид
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2025
“Фарёдҳо, афсӯсҳо аз марги созу сӯзҳо!”. Дарди миллӣ, бонги бедорӣ ва мавқеъгирии Лоиқ Шералӣ дар ҷанги шаҳрвандӣ
Боз як қоидаи нав барои сафар ба Русия. Сабтиноми ҳатмӣ дар замимаи “Госуслуги RuID”
“Имдодхоҳии кӯдаконро шунида, худро ба хонаи оташгирифта задам”. Саидвалӣ Шарифов - муҳоҷири тоҷике, ки се кӯдаки русро аз сӯхтор наҷот дод, кист?
Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ дар адабиёти сурхи коммунистӣ
Фалсафаи маргу зиндагӣ ва дифои миллату забон. Ёде аз Лоиқ Шералӣ
Дар як бинои Вазорати мудофиа сӯхтор сар задааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста