Дар боздоштгоҳи муваққатии «Матросская тишина»-и шаҳри Маскав як марди 32-солаи гумонбар ба як силсила дуздиҳои хурд худро ба ҳалокат расонид.
Тавре хабаргузории Интерфакс иттилоъ медиҳад, ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон рӯзи душанбеи ҳафтаи равон тахминан соатҳои 22:00 дар яке аз ҳуҷраҳои боздоштгоҳ дарёфт шудааст. Мард аз матои ҷойхоби худ дор сохта, ба он дар панҷараи тиреза худро ба дор овехтааст. Кормандони боздоштгоҳ кӯшиш кардаанд, ки ӯро наҷот диҳанд, вале он бенатиҷа анҷом ёфтааст.
Аз рӯйи далели даст ба худкушӣ задан санҷиши тотафтишотӣ гузаронида мешавад. Дар ҷараёни он сатҳи масъулияти гурӯҳи навбатдории боздоштгоҳ, ки ба худкушӣ омодагӣ гирифтани маҳбусро пай набурдааст, муайян карда хоҳад шуд.
Бино ба иттилои манбаъ, ин мард санаи 31-уми май дарҳол пас аз харидани миқдори зиёди героин боздошт гардидааст. Дар ҷараёни тафтишот даст доштани ӯ ба як силисла дуздиҳои хурд низ собит гардидааст. Ӯ бо роҳи дуздӣ барои харидории маводи нашъаовар маблағ ба даст меовардааст.
“Агар танҳо дар рӯйи қоғаз намонад...” Қабули барномаи рушди театр то кадом андоза мушкили соҳаро ҳал мекунад?
Дар Тоҷикистон беш аз 3,6 ҳазор кас бе доштани шаҳрвандӣ зиндагӣ доранд
Беҳтарин мактаби олии Тоҷикистон дар зинаи 561-ум дар Осиё қарор дорад
Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд
Наҷоти мусофирони автобусе, ки аз Русия ба Тоҷикистон меомад
“Ин саҳна не, ин зиндагист”. Таҷлили Рӯзи театри тоҷик ва 95-солагии Театри Лоҳутӣ дар Душанбе
Роҳу чанд хона хароб шуд. Пайомади боронҳои ду рӯзи гузашта маълум гардид
Ҳушдори пулиси пойтахт: Дар Душанбе чорво нигоҳ надоред!
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ошиқи хатокор”
Дар Душанбе мағозаи брендии HONOR кушода шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста