Дар минтақаи шимоли кишвар танҳо дар зарфи ду рӯзи ахир 6 ҳодисаи даст ба худкушӣ задан ба қайд гирифта шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, дирӯз як сокини 32-солаи ҷамоати Ғӯлакандози ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар оғилхона худро ба дор овехта, ба ҳалокат расидааст. Бо ҳамин усул духтари 19-сола аз шаҳри Қайроққум, як зани 26-сола аз ноҳияи Шаҳристон, сокини 37-солаи ноҳияи Конибодом ва сокини 26-солаи ноҳияи Ғончӣ даст ба худкушӣ задаанд.
Сокини 27-солаи ноҳияи Зафаробод, падару ду фарзанд зимни худро ба дор овехтан аз канда шудани ресмон ба замин афтода, бо ҷароҳатҳои вазнин ба шуъбаи эҳёгарии шифохона бистарӣ гардидааст.
Айни замон мақомоти прокуратураи маҳаллӣ сабабҳои ба ин амал даст задани шаҳрвандонро мавриди таҳқиқ қарор додаанд.
Бино ба маълумоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, дар зарфи 8 моҳи соли равон дар қаламрави шаҳру навоҳии минтақаи шимоли кишвар 206 далели худкушӣ (ҳамин давраи соли гузашта – 121 далел), аз ҷумла 53 ҳодисаи кӯшиши ба ин амал даст задан ба қайд гирифта шудааст, ки 106 нафари онҳоро мардон (13 нафар писарони ноболиғ) ва 100 нафарашонро занон (6 нафар духтарони ноболиғ) ташкил медиҳанд.
Аз ин шумор 49 нафар ба иллати беморӣ, 36 тан бар асари ҷанҷоли оилавӣ ва 7 нафар бо сабаби вазъи мушкилоти оилавӣ даст ба худкушӣ задаанд. Сабабҳои даст ба худкушӣ задани боз 57 нафари дигар мушаххас нест.
Аз миқдори умумӣ 136 нафар тавассути худро ба дор овехтан, 37 нафар ба воситаи заҳролудшавӣ ва 5 нафар тариқи оташзанӣ бо ҳаёт падруд гуфта, 12 нафар худро ғарқ кардаанд.
Дар ин давра нисбат ба 9 нафар барои то ба худкушӣ оварда расонидан парвандаҳои ҷиноӣ боз шуда, онҳо пас аз тафтишоти пешакӣ ба додгоҳ ирсол гардидаанд.




Вакилони парлумон қонунеро қабул карданд, ки барои воридоти аккумулятор пули “утилизатсия” ситонида мешавад
Нокомии ҷудокорони тоҷик дар “Tokyo Grand Slam 2025”. Онҳо аз Ҷопон бемедал бармегарданд
КҲФ марги як зану шавҳар дар Рашт бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангиштро тасдиқ кард
Таъини ҷазо барои истеҳсоли “криптовалюта” бо истифода аз “барқи дуздӣ”
Марги як корманди пешини ҳукумати Исфара ҳамроҳи ҳамсар ва духтараш дар пайи заҳролудшавӣ
Дар Тоҷикистон чеҳраи нафақахӯронро шиносоӣ мекунанд
Муҳаммад Наимов баъди шикаст аз намояндаи Бразилия дар "UFC 323" чӣ қадар маблағ гирифт?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 37
Мақомот сӯхтор дар ҳудуди бозори “Корвон"-ро шарҳ доданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста