Шумори манзилҳои аз заминларзаи рӯзи 10-уми ноябр рухода дар деҳоти шаҳри Ваҳдат меафзояд.
Вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ аз шаҳри Ваҳдат Убайдулло Давлатов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки чанде қабл намояндагони ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба бартараф кардани оқибатҳои офатҳои табиӣ таҳти роҳбарии муовини нахуствазир Муродалӣ Алимардон аз тамоми маҳаллаҳои аҳолинишине, ки дар онҳо осеб дидани манзилҳо аз заминларза ба қайд гирифта шудаанд, боздид намуданд.
«Комиссия муайян кард, ки дар деҳоти назди шаҳр бар асари заминларза 118 манзил пурра ва 259 хоҷагӣ қисман зарар дида, 12 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд», - зикр кард Давлатов.
Ба қавли вай, ба осебдидагон аз офат кумаки тиббӣ расонида шудааст. «Шоми дирӯз аз ҷониби ҳукумат ба Ваҳдат 130 адад хаймаҳои гарм барои ҷойгиркунонии аҳолии осебдида, маводи ғизойӣ ва дорувории тиббӣ фиристода шуд», - иттилоъ дод Давлатов.
Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки ояндаи наздик сохторҳои марбутаи ҳукумат ҷиҳати ҷудо кардани қитъаҳои замин, масолеҳи сохтмон ва кумаки молиявӣ ба осебдидагон аз заминларза барои сохтмони манзил қарор қабул хоҳанд кард.
Ёдрас мекунем, ки маркази заминларзаи шоми рӯзи 10-уми ноябр деҳаи Андигони ноҳияи Ваҳдат муқаррар шуда буд. Дар маркази заминларза қувваи он 5 балл ва дар шаҳри душанбе 4 баллро ташкил дод.
Комиссияи марказии интихобот шумораи интихобкунандагонро эълон ва нуқтаҳои овоздиҳиро маълум кард
ФАВРӢ! Боздошти 4 нафар бо гумони кушторҳои пайдарпай дар Конибодом
Шаби Ялдо. Сокинон то куҷо аз ин ҷашн ва анъанаҳои он огоҳанд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 декабри соли 2024
Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон аз ҳама бештар аз Чин вобаста будааст
Ҳизби демократи Тоҷикистон ба интихоботи парлумонӣ 5 номзад пешниҳод кард
Дар радабандии кишварҳои шукуфо Тоҷикистон ба гурӯҳи “сатҳи хеле пасти рушд” шомил шуд
“Сомон Эйр” парвозҳоро ба фурудгоҳи “Внуково” муваққатан қатъ кардааст
Рӯзи дарду ашк. Дар Русия бар иловаи боздошту ихроҷи дастҷамъӣ ва манъи баъзе корҳо, ба таҳсили озоди фарзандони муҳоҷирон низ мухолифат мекунанд
Аз рӯи натиҷаҳои соли 2024 мунтахаби Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар ҷойи чандум аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста