Бо қарори суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар асоси санади ВКД ҶТ дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳамсари сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукуматулло барои риоя накардани меъёрҳои қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон» ба маблағи 120 сомонӣ ҷарима шуд: бар асари садамаи нақлиёт бо иштироки писари ноболиғи раиси КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Расул Амонулло се нафар ҳалок шуданд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, ҳамсари Амонулло Ҳукуматулло тибқи талаботи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд, ки дар он барои риоя накардани қонун ба маблағи аз 40 то 120 сомонӣ ҷаримабандӣ пешбинӣ шудааст.
«Мутобиқи талаботи қонунгузории Тоҷикистон, барои риоя накардани меъёрҳои қонун «Дар бораи масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд» танҳо яке аз волидайн ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб карда мешаванд», - гуфт манбаъ.
Номи роҳбари КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон ахиран дар сархати расонаҳо қарор дорад. Аввали моҳи октябр бар асари садамаи нақлиёти фоҷеабор дар хиёбони Рӯдакии пойтахт се нафар ба ҳалокат расида, боз се тан бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба бемористон мунтақил шуда буданд. Дар ин садама автомашинаи тамғаи «БМВ» таҳти идораи Расул Амонуллои 16-сола, писари Амонулло Ҳукуматулло суръати ҳаракатро аз меъёр зиёд намуда, ба автомашинаи тамғаи «ВАЗ 21-014 бархӯрд.
Аз рӯи далели ин садамаи фоҷеабор мутобиқи моддаи 212, қ. 3 КҶ ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё бештар шахсон гаштааст) парвандаи ҷиноӣ боз гардида, дар он ҳукми аз 5 то 10 соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ мешавад.
Нисбати иштирокчии дигари ин садама, сокини 21-солаи шаҳри Душанбе Умедҷон Шарифов низ мутобиқи моддаи 212, қ 3-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Шарифов қаблан аз рӯи моддаи 237, қ. 2-и КҶ ҶТ (Авбошӣ) маҳкум шуда буд. Тафтиши парвандаи ҷиноии мазкур идома дорад.
Даҳаи дуюми моҳи ноябри соли ҷорӣ иттилоъ дода будем, ки сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукуматулло дар рухсатии меҳнатӣ қарор дорад.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 феврали соли 2025
Аз Маскав то Вашингтон. Муҳоҷирон чӣ тавр ва дар куҷо метавонанд ба номзади худ ба вакилии парлумон овоз диҳанд?
“Арча”: Асрори муваффақияти бренди мебел аз Хуҷанд
Имзои созишномаи ҳамкорӣ миёни ICB ва KAZAKHEXPORT
Тоҷикистон муҳоҷирати меҳнатиро гуногунсамт мекунад, вале коршиносон онро нокофӣ медонанд
Нахустин нуқтаи “Wildberries” дар Тоҷикистон рӯзи 21-уми март ба кор оғоз мекунад
Дар Тоҷикистон дарозтарин пули машингузар дар Осиёи Марказӣ сохта мешавад
Оғози моҳи Рамазон расман эълон шуд
Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Жапаров ва Шавкат Мирзиёев охири моҳи март дар Хуҷанд вомехӯрад
Вазорати фарҳанг барои драманависон озмун эълон кард. Шарту шароит ва маблағи ҷоизаро маълум кардем
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
Точик2 декабр, 2013 17:28
3 одамро куштан 120 сомони чарима мекунанд. 120/3=40сомони нархи 1 одам дар Тчк ё 1нишондаиханда.