Субҳи имрӯз ба намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли Тоҷикистон дар бораи миёни ҳалокшудагон бар асари таркиш дар шаҳри Волгоград ҳузур доштани шаҳрванди Тоҷикистон, сокини шаҳри Турсунзода Назаров Тошпӯлод Эргашевичи 53-сола маълумот расидааст. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» тариқи телефон сухангӯи намояндагии мазкур Иброҳим Аҳмадов хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, корманди намояндагӣ, ки айни замон дар шаҳри Волгоград қарор дорад, шумори шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки бар асари ин амали террористӣ осеб дидаанд, дақиқ мекунад.

Қаблан иттилоъ дода будем, ки бар асари ин амали террористӣ боз як шаҳрванди Тоҷикистон – сокини шаҳри Душанбе Ғозиев Раҳмоналӣ Маликовичи 42-сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар шуъбаи эҳёгарии бемористон рақами 25-уми шаҳри Волгоград бистарӣ шудааст.

Ёдрас мекунем, ки нимаи рӯзи 29-уми декабри соли равон дар истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Волгоград таркиш ба вуқӯъ пайваста, тибқи маълумоти ахир, 16 нафар ҳалок ва беш аз 30 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.