Шаби 14 ба 15-уми март дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт як хонаводаи бутун – Ашӯр Акобиров, ҳамсар ва фарзанди ӯ ба қатл расонида шудаанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ВКД Тоҷикистон хабар доданд, ҷиноят тахминан соатҳои 12-и шаб содир гардида, ба манзили Ашӯр Акобиров якчанд мардон меоянд ва миёни онҳо бо сабабҳои алҳол номаълум муноқиша бармехезад.

«Дар натиҷаи муноқиша Ашӯров Акобир ва ҳамсари ӯ якчанд маротиба зарбаи марговари корд гирифта, сипас ҷинояткорон хонаро оташ мезананд, ки дар сӯхтор фарзандаи ноболиғи Акобировҳо низ ба ҳалокат расидааст», - итттилоъ доданд аз ВКД.

Ба иттилои манбаъ, айни замон аз рӯи ин далел прокуратураи шаҳр парвандаи ҷиноӣ боз намуда, тафтишот идома дорад. Дар бораи ному насаби гумонбарони содир намудани ҷиноят, ки аллакай боздошт шудаанд, алҳол маълумот пешниҳод нагардид.