Аз оғози моҳи апрел бар асари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон 23 нафар шаҳрвандони кишвар ба ҳалокат расиданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта дар натиҷаи боришоти зиёду обхезӣ дар як қатор ноҳияҳои водии Ҳисор панҷ нафар, аз ҷумла се нафар кӯдакон фавтидаанд.

«Дар Душанбе ва ноҳияҳои ғарбии наздики шаҳр бар асари боришоти зиёд, ки ба обхезӣ боис гардид, дар ноҳияи Турсунзода се нафар кӯдак ғарқ шуда, дар шаҳри Турсунзода ду нафар ҷавон ба ҳалокат расиданд», - гуфтанд дар Кумита.

Дар идома зикр гардид, ки дар ноҳияи Ёвон маҷрои сел купрӯки маркази ноҳияро пурра хароб намуда, дар бисёре аз ноҳияҳои водии Ҳисор заминҳои кишт осеб дидаанд.