Ахири ҳафтаи гузашта бар асари садамаҳои нақлиёт ду нафар сокинони ноҳияҳои Рашт ва Ашт ба ҳалокат расиданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ҳангоми ҳаракат аз тарафи қишлоқи Меҳнатобод ба самти шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт сокини ҳамин шаҳрак, ронандаи автомашинаи ГАЗ 53 Саидаброр Худойдодови 43-сола  пиёдагарди ноболиғ Ҳилолӣ Маъдиеви 13-соларо пахш намудааст, ки дар натиҷа ноболиғ бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, ба ҳамин монанд дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд низ садамаи нохуши нақлиётӣ рух дода, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди Ашт-Хуҷанд сокини маҳаллӣ, ронандаи  автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» Ҳошим Ҷуманови 60-сола бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагард Барҳаёт Валиеви 23-соларо пахш намудааст, ки дар натиҷа ӯ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.