Бар асари садамаҳои нақлиёти рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта дар вилояти Суд 2 нафар ба ҳалокат расиданд.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди Хуҷанд-Зафаробод ронадаи автомашинаи тамғаи «Опел-Комбо», сокини 30-солаи шахри Хуҷанд Фарҳод Алимов ба самти муқобили ҳаракат баромада, ба автомашинаи КамАЗ» таҳти идораи сокини 36-солаи ноҳияи Зафаробод Ҷалолиддин Рӯзибоев бармехӯрад, ки дар натиҷа ронандаи автомашинаи «Опел» аз ҷароҳатҳои ҷимонии бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳодисаи дигари садамаи нақлиёти марговар баъди нимашаб дар қаламрави деҳоти Гулистони ҷамоати Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов рух дода, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чанак ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», сокини 25-солаи ноҳияи Спитамен Юсуф Зокиров аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашина ба девори манзили зист бармехӯрад, ки дар натиҷа ронанда дар бемористон ба ҳалокат расидааст.
Бино ба иттилои Шуъбаи БДА-и Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд, давоми 6 моҳи соли ҷорӣ дар роҳҳои мошингарди вилоят 136 ҳодисаи садамаи нақлиёт (ҳамин давраи соли 2013 – 145 ҳодиса) рух дода, бар асари он 50 нафар ҳалок (соли 2013 – 54 нафар) ва 155 нафар (соли 2013 – 151 нафар) ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ гирифтаанд.
Дар ин давра бо иштироки кӯдакон 31 ҳодисаи садамаи нақлиёт (соли 2013 – 33 ҳодиса) ба қайд гирифта шуда, дар натиҷа 9 нафар ҳалок (соли 2013 – 10 нафар) ва 26 нафар кӯдакон (соли 2013 – 25 нафар) ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштанд.
“Фишоратон баланд нашавад” ва ё “мо ниёз ба кадрҳо дорем”. Ҳарфҳои берун аз матни паёми Эмомалӣ Раҳмон
Чаро духтари афғонистонӣ, ки аз шавҳараш шикоят мекард, аз Тоҷикистон ихроҷ шуд?
100% бештар аз соли гузашта. Барои баргузории 3 озмун аз фонди президент беш аз 23,5 млн сомонӣ маблағ ҷудо шуд
Рентаи содиротӣ барои сангҳои қиматбаҳо, ашёи хом ва пахта ду баробар гарон шуд
Ихроҷи муҳоҷирон аз Русия тибқи тартиби нав кай оғоз мегардад?
Расонаҳои амрикоӣ шахсияти нафареро, ки дар Ню-Орлеан бо мошин одамонро пахш кард, эълон намуданд
Имсол Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Соли нави 2025 паёми табрикӣ надод
Мақомоти Тоҷикистон маълумот доир ба як кон дар Помирро "ғайримахфӣ" карданд
Тоҷикистон мавқеи худро дар радабандии мунтахабҳои ҷудои ҷаҳон беҳтар кард
Рустами Эмомалӣ дастур дод, ки лифти биноҳои кӯҳнаи Душанберо нав кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста